Маркази инноватсионии Помир сокинонро бо кори доимӣ таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ҷамъиятии Маркази инноватсионии Помир ояндаи наздик нақша дорад, ки шумораи коргаронро беш аз 200 нафар ва аз ин ҳам зиёдтар намояд, ки ин ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар вилоят мусоидат менамояд. Ин матлаб зимни як ҳамоиш дар ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зикр шуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии Маркази инноватсионии Помир баҳри таъмини ҷавонони шаҳри Хоруғ бо ҷойи кори доимӣ 3 сол инҷониб фаъолияти муназзам дорад.
Роҳбарони марказ оид ба фаъолияти кории соҳа маълумот манзур намуда, иброз доштанд, ки ташкилоти мазкур аз соли 2017 ба таври расмӣ дар шаҳри Хоруғ фаъолият дошта, дар ин муддат тавонист 70 нафар кормандонро бо кори доимӣ таъмин намояд. Фаъолияти марказ ба таври онлайн ба роҳ монда шуда, хизматрасонӣ дар шакли муҳосибот бо дигар давлатҳо сурат мегирад.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зикр кард, ки таъмини ҷавонон бо ҷойи кори доимӣ яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад. Фаъолияти чунин ташкилот саривақтӣ буда, сабаби ба кор ҷалб намудани ҷавонони бекор дониста мешавад.
Роҳбари марказ Валӣ Хонҷонов гуфт, ки ташкили бинои замонавӣ ва пурра таъмин намудани кормандон бо интернети доимӣ метавонад ба фаъолияти кории кормандони ташкилот таъсири мусбат расонад.
Раиси вилоят иброз дошт, ки кормандони ташкилот имкон доранд бештар бо ширкатҳо ва идораҳои дахлдор ҳамкориро вусъат бахшида, ба ин восита фаъолияти худро боз ҳам мустаҳкам гардонанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри дастгирии ҷавонон ва бартарафсозии мушкилоти Марказ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Масъулини ташкилот аз дастгирии Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо фаъолияти кормандон аз наздик шинос шуда, аз утоқи кории бинои марказ дидан намуд. Гуфта шуд, ки масъалаи таъмини кормандон бо бинои замонавӣ ояндаи наздик ҳалли мусбати худро пайдо намуда, ҷавонон метавонанд фаъолияташонро самаранок идома диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






