«Мо модарон, ба аёдати сарбозони Ватан меравем!».Таҳти ин унвон дар Бохтар вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 январ гурӯҳи корӣ, ки ба он ноиби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Маҳмад, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳомияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ва намояндагони дигар ниҳодҳои марбута шомил гардида буданд, дар қисми ҳарбии Раёсати Қушунҳои сарҳадии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар бо сарбозон ва волидайни онҳо вохӯрӣ намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохӯрии мазкур дар асоси нақша — чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар зери шиори «Мо модарон, ба аёдати сарбозони Ватан меравем!» роҳандозӣ гардидааст.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як сарбоз дар давраи хизмати ҳарбӣ илова ба гузаштани курсҳои махсуси тахассусӣ, инчунин, касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла ронандагиву дуредгарӣ, кафшергару сохтмончӣ, устои барқ ва таъмири автомашинаҳо ва забонҳои хориҷиро низ меомӯзад, то ин ки баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи фардои зиндагии худро пайдо карда тавонад.
Гурӯҳи мазкур бо шароити зист ва хизмати сарбозон дар ин қисми ҳарбӣ шинос шуда, волидон афсарону сарбозон барои фарзандони некноми худ, ки имрӯз хизмати Модар-Ватанро бо сарбаландӣ адо менамоянд, дастурхон ороста, дастовезҳои овардаи худро болои он гузошта, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир намуданд.
Волидон на танҳо аз дидори писарони ҷасури худ ифтихору шодмонӣ доштанд, инчунин аз ободии Ватан ва ваҳдату ҳамдилии сарбозон, ки аз гӯшаҳои гуногуни мамлакат ба хизмати Модар-Ватан омада, қарзи фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд, изҳори қаноатмандӣ мекарданд.
Сарбозону афсарон низ аз чунин дидорбинӣ изҳори хушҳолӣ менамуданд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати сарбозон дар қисмҳои ҳарбии мамлакат утоқҳои махсуси дидорбинӣ ва вохӯрии сарбозон муҳайё карда шудааст.Волидону наздикон ва оилаҳои сарбозон метавонанд дар лаҳзаҳои барояшон мувофиқ ба дидорбинии онҳо ба қисмҳои ҳарбӣ биоянд.










Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






