Муовини раиси Маҷлиси намояндагон Қодир Қосим бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон мулоқот намуд

Январь 5, 2021 16:04

ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодир Қосим дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Қодир Қосим перомуни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.

Ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот таваҷҷуҳи сокинонро ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани маводи ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар  қитъа замин, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз ҷалб кард.

Дар мулоқот раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода зикр намуд, ки бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон корҳои азими созандагӣ роҳандозӣ гардида, мардуми ноҳия дастовардҳои даврони истиқлолро барои таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани  мамлакат хуб медонанд ва қадр менамоянд.

Январь 5, 2021 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид