Муовини раиси шӯрои вилоятии Кундуз дар ҳамлаи террористӣ кушта шуд

Январь 27, 2021 08:45

ДУШАНБЕ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Шӯрои вилоятии Кундузи Афғонистон гуфт, ки ҳодиса дар шаҳри Кундуз замоне рух дод, ки Сафиаллоҳ Амирӣ аз хонааш баромада ба мошин савор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи шабакаи телевизионии tolonews.com.

Муҳаммад Юсуф Аюбӣ, раиси Шӯрои вилоятии Кундуз, рӯзи сешанбе, 26 январ гуфт, ки Сафиаллоҳ Амирӣ, муовини шӯро ва ду муҳофизи ӯ дар натиҷаи таркиш захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷаноби Амирӣ ва ду посбонаш ба бемористон интиқол ёфтанд. Шоми ҳамон рӯз Сафиаллоҳ Амирӣ дар беморхона ҳалок шуд.

Раббони Раббонӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз, тасдиқ кард, ки маводи тарканда дар дучарха ҷойсозӣ шуда буд ва ҳангоми убури Сафиаллоҳ Амирӣ аз назди он ба таври фосилавӣ  тарконида шуд.

Аъзоёни оила ва дӯстони муовини губернатори вилояти Кундуз ҳамларо ваҳшиёна номида, аз ҳукумат даъват карданд, ки ҷинояткоронро муайян ва ҷазо диҳад.

Сафиаллоҳ Амирӣ яке аз ҷавонтарин аъзои шӯрои вилоятӣ дар кишвар буд.

Ҳамлаҳои мақсаднок ба рӯзноманигорон, аъзои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мансабдорони давлатӣ дар моҳҳои охир ба таври назаррас афзоиш ёфтанд.

Аммо масъулияти аксари ин ҳамлаҳоро гурӯҳҳои ифротӣ намепазирад.

Январь 27, 2021 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд