Набардҳои шадиди неруҳои амниятӣ бо «Толибон» дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон идома доранд

Январь 20, 2021 09:08

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/ Дар ҷараёни даргириҳо байни неруҳои амниятӣ ва «Толибон» дар чанд вилояти Афғонистон дар тӯли 24 соати гузашта даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи шабакаи телевизионии tolonews.com.

 Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиаи Афғонистон изҳор намудааст, ки неруҳои давлатӣ дар мубориза бо «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар вилояти Кундуз ба пешрафт ноил шудаанд ва дар даргириҳо беш аз 40 толиб кушта шудааст.

Ноҳияҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва қисматҳои Чорсӯи шаҳри Кундузи вилояти Кундуз; ноҳияи Бағлони Марказӣ ва атрофи шаҳри Пули Хумрии вилояти Бағлон; ноҳияҳои Жирӣ, Панҷвой ва Арғандоби вилояти Қандаҳор ва ноҳияи Хушрӯди вилояти Нимрӯз баъзе аз қисматҳои дигари кишвар дар ду рӯзи охир шоҳиди задухӯрдҳо буданд…

Вобаста ба вазъияти ҷойдошта, сокинони ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Кундуз аз афзоиши ноамнӣ дар ин минтақа ҳушдор медиҳанд.

Беш аз 20 нируи ҳукуматӣ дар ҷанг бо “Толибон” рӯзҳои душанбе ва сешанбе дар ноҳияи Дашти Арчӣ ва дар атрофи шаҳри Кундуз кушта шуданд.

Ҳамзамон, мақомоти вилояти Қандаҳор низ таъкид кардаанд, ки ҳамлаҳои “Толибон” -ро дар ду ҳафтаи охир пас задаанд. «Неруҳои амниятӣ ва дифоъи Афғонистон ба “Толибон” талафоти ҷиддӣ расониданд, шахсиятҳои калидии онҳо кушта шуданд», — мегӯяд Фавод Амон, муовини сухангӯи вазорати дифоъ.

Маъмулан ҳар сол дар фасли сармо ҷангҳо кам мешуданд, аммо имсол чандин вилояти кишвар дар ин фасл ҳамеша шоҳиди даргириҳои шадид буданд ва ин дар ҳолест, ки ҳайатҳои музокиракунандаи ҳукумат ва “Толибон” дар Доҳа масоили сулҳи АФғонистонро баррасӣ мекунанд.

Январь 20, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид