Навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон» идома дорад
ДУШАНБЕ, 15.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 24 марти соли 2020 навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон» бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо бомаром идома доранд.
Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар хабар доданд, лоиҳаи навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон»-ро КВД ПИТЛ «Душанбешахрсоз» таҳия намуда, фармоишгари он ҶДММ «Корвон» мебошад.
Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе минбаъд марказҳои савдову хизматрасонӣ, аз ҷумла бозорҳо бо инобати талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
«Аз ҷумла, дар навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон» барои танба нашудани роҳ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ бунёди таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳа ва дигар иншооти хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст»,-афзуд номбурда.












Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






