ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад

Январь 30, 2021 08:15

ДУШАНБЕ, 30.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои ғарбии вилоят туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  25-30 ва рӯзона  12-17 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона -3+2 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 0 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона -3+2 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  0-2 дараҷа хунук ва  рӯзона   13+15 дараҷа гарм  мешавад.

Январь 30, 2021 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар шаҳри Новосибирски Русия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ ёфт