Олимон: Соли 2050 ҳарорати Замин метавонад ба ҳадди буҳронӣ бирасад

Январь 15, 2021 13:11

ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои МедиаПоток, қобилияти ҷазб намудани газҳое, ки инсон ба фазо мепартояд, дар зарфи 20 сол ду маротиба коҳиш меёбад ва бинобар ин, дар тӯли 30 сол ҳарорати Замин метавонад ба ҳадди буҳронӣ бирасад.

Олимони Донишгоҳи Аризонаи Шимолӣ, Маркази тадқиқоти иқлими Вудвелл ва Донишгоҳи Вайкато (Зеландияи Нав) маълумоти дар 20 соли охир дар биомаҳои калони Замин ҷамъоваришударо таҳлил карданд. Онҳо марзи ҳароратро муайян карданд, ки убур аз он фалокатбор хоҳад буд. Олимон мутмаинанд, ки дар қадами аввал чунин биомаҳои калон, аз қабили  ҷангалҳои тропикӣ дар Амазония ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, тайга дар Россия ва Канада аз гармшавии саросарӣ зарар мебинанд. Растаниҳо ва дарахтон дигар наметавонанд миқдори карбонро дар фазои Замин танзим намоянд.

Ин таҳқиқот дар зоти худ аввалин аст. Қаблан чунин озмоишҳо танҳо дар шароити лабораторӣ гузаронида мешуданд. Пештар MediaPotok хабар дода буд, ки гармшавии сартосариро манъ кардан мумкин нест, ҳатто агар тамоми партобҳои гази карбон комилан қатъ карда шаванд.

Январь 15, 2021 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад