Паёми Пешвои миллат — ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муайянкунандаи стратегияи давлат

Январь 27, 2021 09:28

ВАРЗОБ, 27.01.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи мамлакат дар ҳоле ироа гардид, ки тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барои сазовор истиқбол намудани сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ  омодагӣ мегиранд.  Пешвои миллат зимни ироаи Паём изҳор намуданд, ки соли 2020 дар саросари ҷумҳурӣ 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол ба нақша гирифташуда бунёд шуданд, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш буда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.

Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Варзоб»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Маҷнун Карим  ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» баён дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва  муайянкунандаи стратегияи миллии давлат буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, нақшаҳои рушди устувори минбаъда, вазифаю мақсад ва марому роҳҳои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта роҳандозӣ карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат муфассал ибрози назар намуда, вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати Тоҷикистонро барои як сол ва солҳои оянда мушаххасан баррасӣ намуданд.  Аз  ҷумла, Сарвари давлат  иброз намуданд, ки “истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ин ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Ҳамчунин соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд”.

-Хурсандиовар аст, ки аз ин пас бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон–Ватани азизи ман»  ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мувофиқи хоҳиши худашон ба муассисаҳои олии кишвар бе имтиҳон қабул карда мешаванд.  Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад,-мегӯяд Маҷнун Карим.

Дар идомаи Паём Сарвари давлат оид ба афзун намудани нафақаи маъюбон, бунёди се мактаб–интернати Президентӣ барои ятимони кулл, баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа, ҷавонон ва хизмати содиқонаи онҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ–ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардум, баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, вазифадор кардани Прокуратураи генералӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025», дар бораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, нигоҳ доштани омодабошии ҷангии  ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ,  оид ба ҷашнҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ, забони миллӣ ва ҳимояи онҳо маълумот дода, дар назди масъулин вазифаҳо гузоштанд.

Январь 27, 2021 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2024» интихоб гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, чоршанбе, 15-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар Харбин пойгаи дуюми барфии велосипедронии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дар соли 2024 дониста шуд
Дар соли 2024 Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Эстония беш аз 17 ҳазор хона бар асари номусоид шудани ҳаво бе барқ монданд
Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар Лаҳистон бе неруи барқ монданд
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Калифорния ба 24 нафар расид
МегаФон Тоҷикистон: «Интернет барои хона» ҳудудро ду баробар васеъ намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад