Пешвои миллат: «Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо тайи ду сол 20 зина боло рафт»

Январь 27, 2021 09:24

ХОРУҒ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Кормандони Муассисаи давлатии  «Бадахшонроҳ»  26 январ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ муташаккилона  тамошо намуда, рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сохтмону навсозии инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки «дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Корҳои анҷомёфта имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ» натиҷагирӣ мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, дар байни 141 давлати ба тақиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро ишғол намуд».

Сардори муассисаи давлатии «Бадахшонроҳ» Гулаёз Рамазонов гуфт, ки воқеан пешрафт дар соҳаи роҳу нақлиётро дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҳама бештар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон эҳсос намуданд. Бо сохта шудани роҳи нави мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб  сокинони вилоят аз азобу машаққати бероҳӣ раҳоӣ ёфтанд. Қаблан роҳ байни шаҳри Хоруғ ва пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ҳамагӣ ним сол боз буд ва бо боридани аввалин барф ин роҳ баста мешуд. Мусофирон дар фасли замистон маҷбур мешуданд, ки ба воситаи ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон худро ба шаҳри Душанбе расонанд. Давлати абарқудрати шӯравӣ аз сохтани ин роҳ даст кашид ва ҳеҷ кас бовар надошт, ки ягон рӯз ин роҳ боз мешавад.

Аммо Пешвои миллат сарфи назар аз даргириҳои дохилӣ ва буҳрони молиявӣ барои аз бунбасти коммуникатсионӣ  берун баровардани мамлакат ба масъулини соҳаи роҳу нақлиёт дастур доданд, ки бо истифода аз захираҳои молиявии кишвар ва ҳамкории шарикони рушд роҳи Душанбе-Кӯлоб- Қалъаихумб -Хоруғ-Мурғоб-Кулма ҳарчи зудтар бунёд карда шавад. Ҳамин тариқ, яке аз мушкилтарин қитъаҳои ин роҳ бо номи Девдара дар муддати кӯтоҳ ҳамвор шуда, ҳоло ба яке аз мавзеъҳои тамошобоб табдил ёфтаву  барои зебогиаш ба худ номи Гулдара гирифтааст.

Ба гуфтаи сардори Муассисаи давлатии «Бадахшонроҳ» “мояи хурсандист, ки дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат барои пешрафти минбаъдаи соҳаи роҳу нақлиёт вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта, изҳор доштанд, ки қитъаҳои Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин ва Шкев-Қалъаихумби шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихумб бо арзиши лоиҳавии 780 миллион сомонӣ ба истифода дода мешаванд».

Дар доираи ҳамин лоиҳаҳо яке аз қитъаҳои  душворгузари мошингард дар байни ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, ки шомили шоҳроҳи байналмилалии Душанбе- Кулма аст, амалӣ мегардад.

Ҳамчунин дар шаҳри Хоруғ бунёди пули мошингарду пиёдагард аз болои дарёи Ғунд  ва дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон таҷдиди роҳи мошингард ва долонҳои зиддитармавӣ ба назар гирифта шудааст. Ин ҳама созандию бунёдкорӣ ба баланд бардоштани сатҳи инфрасохтори коммуникатсионӣ ва ҳаёти сокинони ин манотиқи кӯҳистони мамлакат равона шудааст.

Январь 27, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад