Профессор Муҳриддин Низомӣ: «Сада аз замони Хушанг ба ёдгор мондааст»

Январь 31, 2021 09:08

ДУШАНБЕ, 31.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар Тоҷикистон мардум фарорасии ҷашни Садаро барои якдигар шодбош мегӯянд. Сада аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёӣ маҳсуб ёфта, оғози он ба давраи подшоҳии Пешдодиён мерасад. Агар Наврӯзро мувофиқи фарҳанги тақвими миллии худ сари сол бишиносем ва аввалин ҷашни сол бидонем, пас Меҳргон ҷашни дувуми сол ва Сада ҷашни савуми соли тақвими миллӣ аст, ки ҳамзамон муқаддима ва заминасозие барои ҷашни Наврӯз — сари соли оянда мебошад. Аммо, ҳамчунин бояд дар назар гирифт, ки ин ҷашн аз рӯйи тартиби замонӣ нахустин ҷашн аст, чун бунёнгузори он Ҳушанг – дувумин шоҳ аз Пешдодиён мебошад ва қабл аз он аз ҳеч гуна ҷашне ёдоварӣ нашудааст.  Дар ҳоле ки ойин ниҳодани Наврӯз ба номи Ҷамшед – чаҳорумин  шоҳи Пешдодиён ва Меҳргон ба номи Фаридун, ки беш аз ҳазор сол баъд аз Ҷамшед ба шоҳӣ расид, вобаста мебошад.

Ин матлабро ректори  Донишкадаи давлатии  фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода,  доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин НИЗОМӢ зимни суҳбат бо  хабарнигори АМИТ «Ховар» баён намуд.

Дар идомаи суҳбат Муҳриддин Низомӣ доир ба мавзӯи мавриди назар чунин изҳори андеша намуд:

-Дар тафсирҳои мавҷуд то кунун дар хусуси Сада маълумоти фаровоне гирд омадааст, ки аксаран аз таъбиру тафсири луғавии худи калимаи «сада» шурӯъ мегардад, ки решаи он ҳанӯз барҷой ва роиҷ аст, ки шумори сад (100) мебошад. Аз ҷумла, дар «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ»-и таълифи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ омадааст: «Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ  (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ, тайи маросими хоссе анҷом мегирад. Дар ваҷҳи тасмияи он ба «сада» орои мухталифе  матраҳ  шудаанд: аз Сада то Наврӯз сад рӯзу шаб аст ва дар ин рӯз теъдоди фарзандони Каюмарс ба сад расид. Аз Сада то замони гирдоварии ғалла сад рӯз боқист, зеро дар навоҳии муътадил,  ҳудуди панҷоҳ  рӯз баъд аз Наврӯз метавон гандум ва бавижа ҷав бардошт кард. Дар таъйиди ин назар бояд гуфт, ки дар бархе рустоҳо ва шаҳрҳои ҷануби Хуросон, ҳамзамон ба оташафрӯзӣ дар шаби даҳи баҳман ва ҳангоми баргузории ҷашни Сада ашъоре хонда мешаванд, ки мисраи баргардони он чунин аст: «сада, сада, сад ба ғалла панҷа (панҷоҳ) ба Наврӯз. Дар тақвими куҳани эронӣ солро ба ду бахши номусовӣ тақсим мекарданд: фасли гарм, аз аввали фарвардин то поёни меҳр ва фасли сард, аз аввали обон то поёни исфанд. Рӯзи даҳуми баҳман, яъне обонрӯз, дуруст миёнаи зимистон аст, ки дар он сармо ба авҷи худ мерасад ва дуруст сад рӯз аз зимистон мегузарад».

Чунон ки дида мешавад, дар ин манбаъ ҳама тафсирҳои мавҷуд ба асоси шумори сад аст, ки назари дигар ҳам бар ҳамин мабно буда, рӯзе шумурда мешавад, ки дар он гӯё шумори фарзандони Одам ба сад расидааст. Ҳамчунин дар бораи бунёнгузори  ин ҷашн ҳам назари ғолиб бар Ҳушанг – дувумин шоҳи сисилаи Пешдодиён, набераи нахустин шоҳ -Каюмарс ва фарзанди Сиёмак далолат мекунад.

Аҳёнан, ин ҷашн ба Фаридун низ нисбат дода шудааст, ки дар ин хусус дар «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ” омадааст: «Китоби «Шарҳи бист боб» достоне дигаре дар боби кайфияти пайдоиши ҷашни Сада нақл карда, ба ин баён, ки баъд аз он ки Фаридун бар Заҳҳок зафар ёфт, холигари (ошпаз) Заҳҳок, Армоилро уқубат мекарданд. Ӯ муддаӣ шуд, ки қавмеро аз куштан наҷот дода ва акнун ба кӯҳи Дамованд бошанд. Фаридун бо лашкари худ савора мутаваҷҷеҳи Дамованд шуд, то он мардумро ба шаҳр боз оварад. Чун шаб даромад ва роҳ гум карданд, бифармуд, то оташҳо барафрӯхтанд ва халқе азим аз озодкардагони таббох ҷамъ омаданд ва Фаридун дар он шаб шодиҳо кард ва ҷашне фармуд ва Армоилро меҳи муғон кард. Эрониён ба ёдгори ин шодӣ ҳар сол дар он шаб оташ меафрӯзанд».

Бино ба ривояи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ҷашни Сада ва ихтирои оташ дар замони подшоҳии Ҳушанг ва бо ташаббуси ӯ сурат гирифтааст, ки оғози давраи нави тамаддуни ориёию ҷаҳонист. Зоҳиран то замони Ҳушанг оташ шинохта нашуда буд ва рӯзе, ки ӯ барои шикор рафта буд, море сари роҳ пайдо шуд ва Ҳушанг санге ба тарафи ӯ партоб кард, аммо мор кушта нашуду санг бар санги дигар бархӯрду оташ пайдо шуд:

Нашуд мор кушта, валекин зи роз.
Падид омад оташ аз он санг боз.

Ва ба шодии ин нур оташе барафрӯхтанд ва бар гирди он ба сурур пардохтанд ва номи онро Сада гузоштанд:

Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.

Метавон бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои ин бахши «Шоҳнома» дар шарҳу тавсифи ҷашни Сада ҳамин ҷанбаи асливу асосии он, яъне ободонӣ, тамаддунофаринӣ, ихтироъкорӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, равшангарӣ ва кишоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод.

Январь 31, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд
Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад