Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони ноҳияи Сангвор мулоқот намуд
САНГВОР, 7.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону ҷавонон, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Маҳмадтоир Зокирзода дар ин ҷамъомад арзу сипоси Пешвои миллатро ҷиҳати иштироки фаъолона дар давраи интихоботи президентӣ ба сокинони ноҳияи Сангвор расонида, оид ба муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо, захираи озуқа дар ҳар оила, риояи қоидаҳои санитарию эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҷараёни омодагиҳо ба мавсими зимистон, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо ва фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 сухан гуфт. Мавсуф ҳамзамон ба саволҳои сершумори иштирокчиёни вохӯрӣ посух дод.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоии ноҳияи Сангвор Шодӣ Раҳмонов мегӯяд, ки “вохӯрии мазкур дар рӯҳияи баланди инсондӯстӣ баргузор шуд. Сокинони ноҳия аз суханҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода хулосаи даркорӣ бароварда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳия бо ҷонибдориву дастгирии ҳамаҷониба аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат бастаанд”.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои минтақаи Рашт идома доранд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






