Сафорати ИМА дар Афғонистон амрикоиҳоро даъват мекунад, ки кишварро тарк кунанд

Январь 19, 2021 13:13

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати ИМА дар Кобул аз эҳтимоли афзоиши ҳамлаҳои террористӣ ҳушдор дод ва аз шаҳрвандони Амрико дар Афғонистон даъват кард, ки фавран кишварро тарк кунанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе, 18 январ, агентии афғонии «Хома Пресс» иттилоъ додааст.

«Сафорат шаҳрвандони Амрикоро дар мавриди хатари сафар ба Афғонистон бинобар сабаби сатҳи баланди ҷинояткорӣ ва терроризм огоҳ мекунад ва онҳоеро, ки аллакай дар ин кишвар ҳастанд, даъват мекунад, ки онро тарк кунанд», — чунин иқтибос овардааст агентӣ аз баёнияи матбуотии намояндагии дипломатӣ.

Мутобиқи маълумоти он дар чанд ҳафтаи охир ҳамлаҳои террористӣ, одамрабоӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнини ҷиноӣ дар саросари Афғонистон бештар рух медиҳанд. «Меҳмонхонаҳо, маҷмааҳои истиқоматӣ, ташкилоти байналмилалӣ, сафоратхонаҳо ва дигар ҷойҳое, ки хориҷиён, аз ҷумла амрикоиҳо, бештар аз онҳо дидан мекунанд, зери таҳдиди хос қарор доранд», — муроҷиат намудааст сафорат ба ҳамватанони худ. — Агар шумо тасмим гирифта бошед, ки дар Афғонистон бимонед, тамоми сайру гаштҳои худро бодиққат мулоҳиза кунед ва танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро амалӣ кунед».

Рӯзи ҷумъаи гузашта, 15 январ, Вазорати дифои ИМА коҳиши қисмҳои амрикоиро дар Афғонистон то 2500 нафар эълом дошт ва то моҳи майи соли равон Вашингтон ихроҷи сарбозони боқимондаро ба нақша гирифтааст.

                                                          АКСИ: News-front.info

Январь 19, 2021 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон машқҳои неруҳои сулҳовари СААД «Бародарии шикастнопазир-2024» анҷом ёфтанд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд