Се нафар, аз ҷумла сухангӯи идораи миллии муҳофизати омма дар Кобул кушта шуданд

Январь 11, 2021 09:17

ДУШАНБЕ, 11.01.2010 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан соати 8: 30-и субҳ таркиши мина сокинони ноҳияи Кортаи Нави шаҳри Кобулро такон дод ва автомашинаи марбути идораи миллии муҳофизати омма мавриди ҳамла қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Дар натиҷаи таркиш се нафар, аз ҷумла Зиё Вадан, сухангӯи идораи миллии муҳофизати омма ҷон бохтанд ва як тани дигар захмӣ шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе гуфтааст, ки таркиш тахминан соати 8:30 (якшанбе, 10 январи соли 2021) дар минтақаи Кортаи Нави Кобул сурат гирифт. Маводи тарканда дар автомашинаи ҳомили сухангӯи идораи миллии муҳофизати омма ҷосозӣ шуда буд.

Қаблан як манбаи дигари амниятӣ гуфта буд, ки дар ин ҳамлаи террористӣ се нафар кушта ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтааст.

Аммо Вазорати корҳои дохилӣ «Толибон» -ро (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар таркиш айбдор кард.

Президент Ашраф Ғанӣ ин инфиҷорро маҳкум кард ва онро ҷиноят алайҳи башарият ва зидди арзишҳои исломӣ номид. «Густариши хушунат аз ҷониби «Толибон» нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ дар мухолифат бо рӯҳияи таҳдид ба сулҳ дар пайи куштани одамони бегуноҳ ва осеб расонидан ба иншооти ҷамъиятӣ ҳастанд», — омадааст дар хабарномаи раёсати ҷамҳурӣ.

Январь 11, 2021 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бодғис дар натиҷаи таркиш ду полис ҷон бохтанд
Байден ИМА-ро ба СУТ ва созишномаи иқлим бозгардонид
Дирӯз Ҷозеф Байден ба ҳайси Президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳида ба вазифа шурӯъ намуд
Дар натиҷаи таркиши мина дар назди бинои полиси Ҳирот шаш сарбози полис маҷрӯҳ шуданд
Набардҳои шадиди неруҳои амниятӣ бо «Толибон» дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон идома доранд
Сафорати ИМА дар Афғонистон амрикоиҳоро даъват мекунад, ки кишварро тарк кунанд
Дар Кобул ду судяи зан дар ҳамлаи шахсони мусаллаҳ кушта шуданд
Кушта шудани як ғайринизомӣ дар таркиши мошини бомбгузоришуда дар Ғазнӣ
Дар Индонезия бар асари силсилаи заминҷунбиҳо 26 нафар ҳалок шуда, 600 тан осеб дидаанд
Олимон: Соли 2050 ҳарорати Замин метавонад ба ҳадди буҳронӣ бирасад
Як корманди додгоҳи шикоятии Нангарҳор дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ кушта шуд
Дар Балхи Афғонистон бар асари ҳамла ба мошини ҳомили занони сарбоз ду нафар ҳалок шуданд