Шуъбаи наҷоти беморхонаи Ҳисор бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд
ҲИСОР, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи наҷоти беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз таъмири асосӣ пурра бароварда шуда, ба фаъолият оғоз намуд. Дар шуъбаи мазкур 10 утоқ пурра таъмир гардида, дар он нодиртарин таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили 10 кардиомонитори наздикатӣ, 16 оксигенератор, 8 адад дастгоҳи ИЗЛ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ташхиси ултрасадо, десивибрятор (тақвияти барқии кори дил), газоанализатор (санҷиши газҳо дар хун), глюкомер (ташхиси қанди хун), пулсиоксиметр (санҷиши оксигени хун ва тапиши дил) дастрас ва насб гардидаанд. Инчунин 8 адад катҳои функсионалӣ (идорашавандаи аз як ҷо ба ҷои дигар интиқолёбанда) дар ҳуҷраҳои табобати беморон ҷойгир шудаанд.
Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шуъбаи мазкур дар доираи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ ба таври пурра таъмиру навсозӣ шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи шуъбаи мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар суҳбат бо табибон иброз дошт, ки ҷавобан ба ин ғамхории роҳбарияти олии мамлакат бояд пайи ҳифзи солимии ҷомеа содиқона хизмат намоянд.








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






