Шуъбаи наҷоти беморхонаи Ҳисор бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд

Январь 14, 2021 09:56

ҲИСОР, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи наҷоти беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз таъмири асосӣ   пурра бароварда шуда, ба фаъолият оғоз намуд. Дар шуъбаи мазкур 10 утоқ пурра таъмир гардида, дар он нодиртарин таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили 10 кардиомонитори наздикатӣ, 16 оксигенератор, 8 адад дастгоҳи ИЗЛ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ташхиси ултрасадо, десивибрятор (тақвияти барқии кори дил), газоанализатор (санҷиши газҳо дар хун), глюкомер (ташхиси қанди хун), пулсиоксиметр (санҷиши оксигени хун ва тапиши дил) дастрас ва насб гардидаанд. Инчунин  8 адад катҳои функсионалӣ (идорашавандаи аз як ҷо ба ҷои дигар интиқолёбанда) дар ҳуҷраҳои табобати беморон ҷойгир шудаанд.

Тавре  аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шуъбаи мазкур дар доираи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маблағи  беш аз 5 миллион сомонӣ ба таври пурра таъмиру навсозӣ шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи шуъбаи мазкур  Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода  иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар суҳбат бо табибон иброз  дошт, ки ҷавобан ба ин ғамхории роҳбарияти олии мамлакат бояд пайи ҳифзи солимии ҷомеа содиқона хизмат намоянд.

Январь 14, 2021 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд