Сокинони Хатлонзамин ҷашни Садаро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии ниёгон таҷлил намуданд

Январь 25, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 январ дар шаҳри Бохтари вилояти  Хатлон ба муносибати ҷашни миллии бостонии Сада намоиши маҳсули дастранҷи деҳқонон ва  маросими қадрдонии дастовардҳои вилоят дар соли 2020 баргузор гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷашни мазкур кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастовардҳои худ, аз қабили навъҳои зироати ғалладонагӣ, техникаи кишоварзӣ, ҳунарҳои миллию мардумӣ ва навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.

Раиси вилоят иброз намуд, ки «ҷашни Сада ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва некӣ, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорост. Дар робита ба ин ҷашн  барномаҳои фарҳангӣ бо сурудани савту садоҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, машқҳои варзишии халқӣ, намоиши гулу ниҳолҳо ва ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд ва мардуми Хатлонзамин дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ ин ҷашнро таҷлил менамоянд. Кишоварзони вилоят тамоми имконияти худро ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани шудгор, кишту кори баҳорӣ, бунёди боғу токзор, яхобмонӣ, обшӯйкунии шӯразаминҳо ва обмонии захиравӣ сафарбар намуда, дурнамои таркиби кишти зироати кишоварзиро риоя ва таъмин менамоянд».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 баён доштанд, ки «миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».

Сипас дар толори театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маросими таҷлили ҷашни Сада идома ёфт, ки дар баробари пешсафони арсаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорон, ғаллакорон, шоликорон, чорвою парандапарварон, боғдорон, инчунин як зумра журналистон барои инъикоси дастовардҳои соҳаи агросаноатӣ ва тарғиби таҷрибаи пешқадами деҳқонон бо Сипоснома ва мукофоти хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла,  муовини якуми директори АМИТ «Ховар» Рухсора Нурова, сармуҳаррири маҷаллаи «Сарзамин» Гулчеҳра Сатторзода, хабарнигори телевизиони «Тоҷикистон» дар минтақаи Кӯлоб Саидҷаъфар Маҳмадалиев , сармуҳаррири нашрияи «Дӯстлик» Тошмат Темиров ва дигарон соҳиби мукофоту сипосномаҳо шуданд.

Январь 25, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд