Солеҳа Холмаҳмадзода: «Пешниҳод кардем, ки ба сокинони шаҳри Турсунзода ангишт тариқи ғайринақдӣ дода шавад»

Январь 14, 2021 11:50

ДУШАНБЕ, 14.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Доир ба истифодаи сарфакоронаю мақсадноки неруи барқ ва пешгирии исрофкории он зимни суҳбатҳо таъкид намудем, ки имрӯзҳо бо сабаби сардии ҳаво зарурат пеш омадааст, ки нисбат ба ин масъала бетараф набуда, бояд ҳар яки мо бо мақсади сарфаи неруи барқ аз маводи дигари имконпазир истифода барем. Ба раисони ҷамоат ва маҳаллаҳо пешниҳод гардид, ки бинобар сабаби маҳдудияти барқ ва зарурати истифодаи доимии печҳои бухорӣ, ки бо ангишт хонаҳоро гарм мекунанд, ҷиҳати дастгирӣ ба сокинон аз нуқтаҳои фурўши сайёр ангишт тариқи ғайринақдӣ дода шавад. Пешниҳоди мазкур мавриди дастгирӣ қарор гирифта, муроҷиаткунандагон вобаста ба шароиташон бо чунин тарз дастгирӣ карда мешаванд.

Ин матлабро  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, ки аз 31 декабри соли 2020 то 9 январи соли 2021 бо интихобкунандагон дар шаҳри Турсунзода вохӯриҳо доир намуд, зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» София Шоик  баён  намуд.

Масъалаҳои истифодаи сарфакоронаю мақсадноки неруи барқ, пешгирии исрофкории он, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, ба ин васила захиранамоии маҳсулоту  таъмини оилаҳо бо маҳсулоти ғизоӣ ва дигар масъалаҳои мубраму рӯзмарра дар мулоқот бо интихобкунандагон дар шаҳри Турсунзода мавриди таҳлилу баррасӣ ва фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуданд.

 Солеҳа Холмаҳмадзода зикр кард, ки мулоқоту суҳбатҳояшон бо интихобкунандагон аз 31 декабри соли 2020 то 9 январи соли 2021 сурат гирифтанд, ки зимни онҳо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ аз 15 декабри соли 2020 баён дошта буданд, ба таври муфассал ба интихобкунандагон расонида шуд.

«Дар як рӯз ду-се вохӯрӣ доир гардида, дар онҳо қисми зиёди намояндагони шаҳр ва ҷамоат иштирок намуданд. 31 декабри соли 2020 нахустин вохӯрӣ бо хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти маҳаллӣ сурат гирифта, ҳамзамон аз хонаи собиқадорону маъюбон дидан кардем»,-иброз намуд вакил.

Зимни вохӯриҳо асосан оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи ҳатмии қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот суҳбат ороста шуда, ҳадафи иқдоми мазкур ба сокинон шарҳу тавзеҳ дода шуд. Инчунин вобаста ба самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти қонунгузорӣ, намояндагӣ ва фаъолияти байнипарлумонӣ дар соли 2020 ва корҳои ба анҷом расонидашуда маълумот ироа гардид. Доир ба дигар масоили мубрами рӯз, аз қабили хурӯҷи бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва зарари он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ибрози ақида карда шуда, бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ба риояи талаботи беҳдоштӣ ва гигиенаи ҷамъиятиву шахсӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро саломатии ҳар шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст.

Истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон ва ба ин васила захираи маҳсулот ва таъмини маводи ғизоӣ барои оила аз масъалаҳои муҳим ва рӯзмарра маҳсуб меёбад. Бо мақсади таъмини оила бо маҳсулоти ғизоӣ сокинонро мебояд ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ, хоҷагиҳои ёрирасон аҳамияти ҷиддӣ равона карда, бештар ба кишти зироати асосӣ, аз ҷумла сабзавоткориву картошкапарварӣ ва пахтакорӣ афзалият диҳанд.

Тибқи пешгӯии коршиносон ва мушовирони байналмилалӣ, соли 2021 дар ҷаҳон эҳтимоли норасоии маводи ғизоӣ ба миён меояд. Аз ин рӯ мебояд, ки вобаста ба захираи маводи ғизоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода бурда шавад.

Шаҳри Турсунзода шаҳри аграрӣ-саноатӣ буда, дорои шароити мусоид барои киштукори доимӣ мебошад. Бо назардошти иқлими мусоид деҳқонон имкон доранд дар як сол то чаҳор ҳосил ба даст оранд, аз ин рӯ сокинонро мебояд аз ҳар пора қитъаи замине, ки дар ихтиёр доранд, самаранок истифода бурда, оилаи худро бо маҳсулоти ғизоӣ пурра таъмин созанд. Ба сокинон муҳтавои таъкидҳои Пешвои миллат ҷиҳати захира намудани маҳсулотӣ ғизоӣ барои ду сол фаҳмонида шуда, зикр гардид, ки шароити имрӯза ҳар яки моро водор менамояд барои захира намудани миқдори зарурии маводи хӯрокӣ аз ҳоло оғоз карда, барои на кам аз ду соли оянда тадбирҳои зурурӣ андешем.

«Зимни мулоқот бо сокинон мо ҳамчунин доир ба масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум, бахусус ҷавонон дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа, ҷалби онҳо ба донишандӯзиву касбомӯзӣ, ватандӯстӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зиракии сиёсӣ баҳри ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волияти қонун ва оромиву осоиштагии мамлакат, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тақвияти робитаи оила бо муассисаҳои таълимӣ, ҷалби занону духтарон ба донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ ва фаъолият намудани онҳо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбатҳо анҷом додем»,-гуфт мусоҳиби мо.

Мавриди зикр аст, ки имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни умумимиллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегиранд. Дар робита ба ин дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагию бунёдкорӣ бо вусъат ҷараён дошта, бахшида ба ин ҷашни миллӣ бунёди 382 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 257 адади он  ба истифода дода шуда, дар 125  иншоот сохтмон бо маром идома дорад.

«Мо зимни ин сафар аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар чанд иншоот дидан намудем, ки дар ҳамаи онҳо ҷараёни корҳо бо ҷӯшу хурӯш ва азму иродаи қавӣ бо маром сурат мегирад. Аз ҷумла, ҷараёни корҳо дар Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳр тибқи нақша бо вусъат идома дошта, он ба куллӣ таҷдид ва навсозӣ мегардад. Дар боғ бунёди фаввораҳо, шаҳраки афсонавӣ бо аттраксионҳо, гулгашту суҳбаткадаҳо, амфитеатр, мактаби мусиқӣ, майдончаҳои варзишӣ ва кохи шоҳмот ба нақша гирифта шуда, бо дастгирии соҳибкорон ва саховатмандон дар ин муддат корҳои зиёд амалӣ гардидаанд»,-иброз намуд Солеҳа Холмаҳмадзода.

Дар суҳбатҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар сокини шаҳр бояд корҳои бунёдкориву зебосозиро аз хонаву дар ва деҳаву шаҳри худ оғоз бахшида, дар таҷлили бошукӯҳи ин ҷашни миллӣ саҳм гузорад.

Сокинони шаҳри Турсунзода масъалаҳои матраҳгардидаро ба хубӣ дарк намуда, зимни суҳбатҳо доир ба мушкиливу масъалаҳои мавриди дастгирӣ ибрози назар намуданд. Тадбир андешидан барои ҳалли онҳо дар оянда аз рӯи имконияти мавҷуда зери назорати вакил қарор дода мешавад.

Январь 14, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар конфронси байналмилалӣ дар Туркманистон иштирок намуданд
Оид ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ муҳокимаи парлумонӣ доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд
Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ иштирок намуд