Соли 2021 тамоми кишоварзони Тоҷикистон аз пардохти андози ягонаи замин озод гардиданд

Январь 26, 2021 13:41

ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор чунин супориш доданд: «Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд».

Ба таъкиди Сарвари давлат, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд.

Ёдовар мешавем, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ба тасвиб  расонид, ки тибқи он аз 1 августи соли 2019 воридоти чорво ва хӯроки чорво  аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардида буд.

Ҳадафи ин қарор ба эътидол овардани нархи гӯшт дар бозори мамлакат ва қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолӣ бо ин намуди маҳсулот мебошад. Ҳамзамон  паҳншавии бемориҳои хатарноки ҳайвонот тавассути чорвои воридшаванда ва воридшавии гӯшту маҳсулоти гӯштии пастсифат ба ҷумҳурӣ қатъиян пешгирӣ  карда мешавад.

Ин имтиёзи барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшид.

Ба таъкиди Сарвари давлат, воридоти гӯшт ба мамлакат аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳаҷми воридоти гӯшти паранда соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.

Омили коҳиш ёфтани воридоти гӯшти паранда- ин ба тасвиб расидани «Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2021» мебошад. Ҳадафи  барномаи  мазкур  афзун кардани  истеҳсоли босифати тухм ва гӯшти паранда бо истифода аз технологияҳои муосир, беҳтаркунии зот,  баланд бардоштани маҳсулнокӣ, инчунин кам намудани хароҷоти изофа  мебошад.

Мавриди зикр аст, ки  тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2018 парандапарварони ҷумҳурӣ  аз тамоми андоз ва боҷи гумрукӣ озод гардиданд, ки ин яке аз заминаҳои пешравӣ дар соҳаи парандапарварӣ мебошад. Соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварии  Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машокир Назаров иброз намуд, дар ҷумҳурӣ  160 корхонаи парандапарварӣ фаъолият мекунанд, ки ба истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда машғул мебошанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки имсол иқтидори он бо ҷалби сармояи ватанӣ ба 170 адад расонида шавад.

Январь 26, 2021 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд
Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад