«Sputnik»: Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мубориза бар зидди коронавирус пешсаф гардид

Январь 18, 2021 13:59

ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар» /. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бар зидди коронавируси нав пешсаф гардид, иттилоъ медиҳад агентии иттилоотии Россия «Sputnik».

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи охир (аз 17 то 18 январ) дар кишвар ягон ҳолати нави сирояти коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамин тариқ, омори гирифторӣ ба ин беморӣ аз 5 январ инҷониб бетағйир аст. Он вақт коронавирус дар панҷ нафар тасдиқ шуд ва шумораи умумии гирифторон ба 13 308 нафар расид.

Илова бар ин, дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон маълумот дар бораи онҳое, ки аз беморхонаҳо ҷавоб дода шудаанд, бетағйир монд. Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия ба табибон муяссар гардид, ки 13 218 нафар ё 99,3% беморонро аз коронавирус табобат кунанд. Ҳамзамон дар давраи пандемия 90 нафар аз COVID-19 фавтиданд.

АКС: © REUTERS

Январь 18, 2021 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»