Султон Бекмуродзода: «Таъмини доруҳо ва хизматрасонии босифат дар давраи пандемия яке аз омилҳои муҳими коҳиш додани шиддати сирояти Ковид-19 буд»

Январь 23, 2021 13:39

ДУШАНБЕ, 23.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Таъмини доруҳои муассиру бехатар ва сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз самтҳои асосии ёрии баландсифати тиббӣ ба аҳолӣ мебошад. Ин масъала дар давраи пандемияи Ковид-19 муҳимияти худро беш аз пеш исбот намуд ва тақозо менамояд, ки дар ин самт ҷиддият ва масъулият бештар гардад. Ин нуктаро Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон БЕКМУРОДЗОДА зимни суҳбат бо  хабанигори  АМИТ “Ховар” иброз дошт.

Ҳамсуҳбати мо дар идома зикр намуд, ки Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати коҳиш додани шиддати сирояти Ковид-19 тадбирҳои зарурӣ андешида, пайваста онҳоро амалӣ намуд.

«Тавре Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода 31 декабри соли 2020 ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошта буд, дар Тоҷикистон сироятёбӣ ба COVID-19 метавонад соли оянда коҳиш ёфта, аллакай аввали тобистон аз байн бурда шавад. Маврид ба зикр аст, ки бо талошҳо ва тадбирҳои муассиру пайвастаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарӣ ва назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиддати сироятёбӣ аз Ковид-19 коҳиш ёфта, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, чандин шабонарӯзи охир ҳолатҳои гирифторшавии аҳолӣ ба ин вируси нав ба қайд гирифта нашудааст. Албатта, инҷо бояд саҳми бевоситаи Сарвари давлат ва чораҷӯиҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро махсус зикр намуд. Дар баробари ин, тавре дар боло зикр кардем, табобати самарабахши тамоми бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ аз таъмини доруҳои сифатнок ва хизматрасониҳои босифати тиббӣ низ вобастагии зич дорад», — тазаккур дод С. Бекмуродзода.

Дар давраи пандемия Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро андешид, то ки муассисаҳои тиббӣ ва шаҳрвандон бо доруҳои босифат ва дастрас дар ин  давра таъмин бошанд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Хадамот фаъолият дар ҳамаи самтҳо тақвият дода шуда, фаъолияти  ширкатҳои дорусоз, ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти тиббӣ, инчунин муассисаҳои системаи тандурустӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шуданд. Давоми соли 2020 дар 857 адад муассисаҳои тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шуданд, ки аз ин миқдор 491 адад санҷишҳои нақшавӣ ва 366 адад санҷишҳои ғайринақшавӣ мебошанд.

“Бо мақсади назорат ва баҳогузории омодабошӣ барои таъмини чораҳои зиддиэпидемикӣ ва алгоритми дарёфт, муоина, ташхис, табобат, назорат, инчунин вазъи тақсимоти маводи доруворӣ ба беморони гирифтори илтиҳоби шуш ва  коронавируси нави COVID-19 дар 748 муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ҷиҳати риояи чораҳои зиддиэпидемикӣ дар 135  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мониторингҳо гузаронида шуданд”, — илова намуд сардори Хадамот.

Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бекмуродзода изҳор дошт, ки таъмини дорувории босифат ва дигар лавозимоти тиббӣ дар давраи пандемияи Ковид-19 дар ҷумҳурӣ ба раванди табобати беморон ва ҳам кори табибон мусоидати амиқ намуд. Тавре мо қаблан ҳам изҳор дошта будем, Тоҷикистон тавонмандии пурраи таъмини аҳолии худ бо дорувории босифатро дорад. Инчунин Ҳукумати мамлакат пайваста чораҷӯӣ менамояд, то ки нархи анвои доруворӣ ба таври сунъӣ боло бурда нашавад. Тавре огоҳед, аз ҷониби мақомоти дахлдор ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ баҳори соли гузашта чандин соҳибкор, ки ба таври сунъӣ бо истифода аз сирояти Ковид-19 нархҳоро худсарона боло бурданд, дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Бояд гуфт, ки дар тамоми дорухонаҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин анборҳои ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ ба кишвар ба таври кофӣ дорувориҳо ва дигар лавозимоти тиббӣ мавҷуданд, ки ба кулли аҳолии кишвар кифоят мекунанд. Дар сурати лозим ворид кардани ин мавод ба кишвар низ ягон мушкилӣ надорад.  Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба таҳлука афтода, бозори ҳаннотони мардумфиребро гарм накунанд.

Мардуми Тоҷикистон хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз оғози фаъолиятҳои сиёсиашон то имрӯз ба хубӣ дарк ва эҳтиром мекунанд. Тоҷикистон мушкилиҳои сангинро таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбаландӣ пушти сар намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки намунаи барҷастаи он сулҳу ваҳдати миллӣ аст. Ин дастоварди нодир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ ва тавонмандии неруи сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардидааст, ки ба ин васила нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб афзуд.

Дар мубориза бо бемории Ковид-19 низ мардуми тоҷик бо татбирандешиҳои самарабахши Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад ва ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас таҷлил мекунад.

 

Январь 23, 2021 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон