СУТ дархостҳоро ҷиҳати сабт намудани 14 ваксинаи зидди COVID-19, аз ҷумла ду ваксинаи русӣ баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дархостҳоро дар мавриди 14 ваксинаи зидди коронавирус, аз ҷумла ду доруи Россия — «Спутник V» ва «Эпиваккорона» ва шомил намудани онҳо ба рӯйхат барои истифодаи изтирорӣ баррасӣ мекунад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти СУТ.
Ваксинаи «Спутник V» аз панҷ марҳилаи тасдиқ кардан се давраи онро гузаштааст. Ҳоло маълумоти иловагии ба СУТ пешниҳоднамудаи таҳиягарони ваксина баррасӣ мешавад ва 22 январ муҳокимаи мундариҷа ва шакли дархост ба нақша гирифта шудааст. Дар мавриди ваксинаи «Эпиваккорона» бояд гуфт, ки он мутобиқи санад бояд боз чор марҳилаи дигарро тай кунад. Санаи қабули қарори ниҳоии коршиносони СУТ дар мавриди ҳеҷ яке аз ваксинаҳои Россия ҳанӯз муайян нашудааст.
Таҳти рақами як дар асноди СУТ ваксинаи Comirnaty омадааст, ки онро ширкатҳои Pfizer -и ИМА ва BioNTech -и Германия муштаракан таҳия кардаанд. Ин ваксина аз тамоми марҳилаҳо гузаштааст ва дар рӯзи охирини соли 2020 СУТ онро тасвиб намуд.
Дар мавриди дигар ваксинаҳо қарорҳо метавонанд дар ҳафтаҳо ва моҳҳои наздик қабул карда шаванд. Аз ҷумла, интизор меравад, ки яке аз он ду доруе, ки ширкати бритониёӣ-шведии AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд таҳия кардаанд, дар охири моҳи январ-феврал ва доруи дуюм бошад — на пештар аз нимаи дуюми моҳи феврал хулосаи СУТ -ро дарёфт хоҳанд кард.
Дар мавриди ваксинаҳои ширкати амрикоӣ Moderna охири моҳи феврал ҳамчун замони эҳтимолӣ ҷиҳати қабули қарор эълон шудааст ва барои ваксинаҳои Пажӯҳишгоҳи зардоби Ҳиндустон, хулоса метавонад нимаи моҳи феврал пайдо шавад. Доруҳои ширкатҳои чинии Sinopharm ва Sinovac имкони гирифтани чароғи сабзро аз СУТ дар аввали моҳи март доранд, аммо нисбат ба як доруи дигар аз ҶХЧ, ки маҳсули ширкати CanSino мебошад — муҳлати эҳтимолии тасдиқи он дар санади СУТ муайян карда нашудааст.
Баррасии шомил кардани ваксинаҳои зидди коронавируси Россия ба рӯйхати доруҳое, ки барои истифодаи изтирорӣ тавсия мешаванд, мутобиқи тартиби муқарраршуда сурат хоҳад гирифт. Аз ҷумла, коршиносон ба самаранокӣ ва бехатарии ваксина ва инчунин истеҳсоли он таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард, — иброз дошт намояндаи расмии СУТ Маргарет Харрис зимни брифинг дар Женева.
Ба гуфтаи вай, чунин таҳлил дар СУТ «мӯйшикофона» сурат мегирад. Ба истеҳсолкунандагон саволҳо медиҳанд ва онҳо ҷавоб мегардонанд. Танҳо пас аз пешниҳод ва баррасии тамоми маълумоти зарурӣ, мутахассисони СУТ метавонанд дар бораи шомил кардани ваксина ба рӯйхати доруҳое, ки барои истифодаи изтирорӣ тавсия шудаанд, тасмим бигиранд,- изҳор намуд намояндаи расмии Созмон.
АКСИ: fsnovosti.ru








САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»






