СУТ дархостҳоро ҷиҳати сабт намудани 14 ваксинаи зидди COVID-19, аз ҷумла ду ваксинаи русӣ баррасӣ мекунад

Январь 22, 2021 12:24

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дархостҳоро дар мавриди 14 ваксинаи зидди коронавирус, аз ҷумла ду доруи Россия — «Спутник V» ва «Эпиваккорона»  ва шомил намудани онҳо ба рӯйхат барои истифодаи изтирорӣ баррасӣ мекунад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти СУТ.

Ваксинаи «Спутник V» аз панҷ марҳилаи тасдиқ кардан се давраи онро гузаштааст. Ҳоло маълумоти иловагии ба СУТ пешниҳоднамудаи таҳиягарони ваксина баррасӣ мешавад ва 22 январ муҳокимаи мундариҷа ва шакли дархост ба нақша гирифта шудааст. Дар мавриди ваксинаи «Эпиваккорона» бояд гуфт, ки он мутобиқи санад бояд боз чор марҳилаи дигарро тай кунад. Санаи қабули қарори ниҳоии коршиносони СУТ дар мавриди ҳеҷ яке аз ваксинаҳои Россия ҳанӯз муайян нашудааст.

Таҳти рақами як дар асноди СУТ ваксинаи Comirnaty омадааст, ки онро ширкатҳои Pfizer -и ИМА ва BioNTech -и Германия муштаракан таҳия кардаанд. Ин ваксина аз тамоми марҳилаҳо гузаштааст ва дар рӯзи охирини соли 2020 СУТ онро тасвиб намуд.

Дар мавриди дигар ваксинаҳо қарорҳо метавонанд дар ҳафтаҳо ва моҳҳои наздик қабул карда шаванд. Аз ҷумла, интизор меравад, ки яке аз он ду доруе, ки ширкати бритониёӣ-шведии AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд таҳия кардаанд, дар охири моҳи январ-феврал ва доруи дуюм бошад — на пештар аз нимаи дуюми моҳи феврал хулосаи СУТ -ро дарёфт хоҳанд кард.

Дар мавриди ваксинаҳои ширкати амрикоӣ Moderna охири моҳи феврал ҳамчун замони эҳтимолӣ ҷиҳати қабули қарор эълон шудааст ва барои ваксинаҳои Пажӯҳишгоҳи  зардоби Ҳиндустон, хулоса метавонад нимаи моҳи феврал пайдо шавад. Доруҳои ширкатҳои чинии Sinopharm ва Sinovac имкони гирифтани чароғи сабзро аз СУТ дар аввали моҳи март доранд, аммо нисбат ба як доруи дигар аз ҶХЧ, ки маҳсули ширкати CanSino мебошад — муҳлати эҳтимолии тасдиқи он дар санади СУТ муайян карда нашудааст.

Баррасии шомил кардани ваксинаҳои зидди коронавируси Россия ба рӯйхати доруҳое, ки барои истифодаи изтирорӣ тавсия мешаванд, мутобиқи тартиби муқарраршуда сурат хоҳад гирифт. Аз ҷумла, коршиносон ба самаранокӣ ва бехатарии ваксина ва инчунин истеҳсоли он таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард, — иброз дошт намояндаи расмии СУТ Маргарет Харрис зимни брифинг дар Женева.

Ба гуфтаи вай, чунин таҳлил дар СУТ «мӯйшикофона» сурат мегирад. Ба истеҳсолкунандагон саволҳо медиҳанд ва онҳо ҷавоб мегардонанд. Танҳо пас аз пешниҳод ва баррасии тамоми маълумоти зарурӣ, мутахассисони СУТ метавонанд дар бораи шомил кардани ваксина ба рӯйхати доруҳое, ки барои истифодаи изтирорӣ тавсия шудаанд, тасмим бигиранд,- изҳор намуд намояндаи расмии Созмон.

                                                                  АКСИ: fsnovosti.ru

Январь 22, 2021 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»