СУТ: Режими ниқоб дар мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус муассир аст
ДУШАНБЕ, 31.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати режими ниқоб паҳншавии вируси SARS-CoV-2-ро идора кардан имконпазир аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии давлатии Беларус «БелТА» хабар медиҳад, дар ин бора Намояндаи махсуси Директори минтақавии СУТ, Роҳбари Дафтари СУТ дар Беларус Масуд Дара ба хабарнигорон гуфт.
«Дар марҳилаҳои аввал мо ҳеҷ далеле надоштем, аммо ҳоло далелҳои илмӣ мавҷуд буда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки паҳншавии вирусро метавон бо истифода аз воситаҳои одии муҳофизаткунандаи роҳи нафас аз ҷониби аҳолӣ, яъне ниқоб, идора кард. Аз ин рӯ, мо риояи режими ниқобро тавсия медиҳем», — гуфт Масуд Дара.
Бояд имкони кори фосилавӣ бозбинӣ шавад. «Масалан, дафтари мо кӯшиш менамояд, ки ба ҳадди имкон ин корро анҷом диҳад. Ба онҳое, ки дар идора кор мекунанд, гардиши ҳаво дар ҳуҷра мунтазам таъмин карда мешавад. Ва шумо низ бояд кӯшиш кунед, ки дар ҷойҳои кории худ ҳамин тавр намоед», — илова кард Намояндаи махсуси Директори минтақавии СУТ.
Масуд Дара дар бораи аҳамияти фосилаи ҷисмонӣ (на иҷтимоӣ) низ сухан гуфт. «Иҷтимоишавӣ бояд ҳифз ва нигоҳ дошта шавад. Одамон бояд робитаро идома диҳанд, аммо дар шакли фосилавӣ», — гуфт ӯ ва илова кард, ки аз издиҳоми одамон худдорӣ шавад ва ба ҳадди имкон масофаи ҷисмонӣ ба андозаи якуним метр риоя гардад. Ин имкон медиҳад, ки интиқоли вирус тавассути қатраҳое, ки дар натиҷаи нафаскашӣ ба вуҷуд меоянд, пешгирӣ шавад.
Илвоа бар ин, роҳбари Дафтари СУТ дар Беларус аҳамияти гигиенаи дастҳоро ёдрас шуд. «Собун ба сохтори вирус таъсири назаррас расонда, онро ҳал (об) мекунад ва аз сатҳи даст нест менамояд. Инчунин метавон дастҳоро бо маҳлулҳои спиртӣ безарар кард, аммо фоизи спирт дар таркиби маҳлулҳо бояд ба қадри кофӣ баланд бошад — на кам аз 60% ва беҳтараш беш аз 70%. Дар акси ҳол, онҳо муассир нахоҳанд буд», — гуфт ӯ.
«Агар шумо нишонаҳо дошта бошед ё шумо натиҷаи мусбии озмоишро дарёфт карда бошед, бояд гушанишинӣ кунед ва робитаро бо дигарон маҳдуд намоед», — таъкид намуд Масуд Дара.
АКС аз Михаил Воскресенский / РИА Новости








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






