ТАҶРИБАИ НАХУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН. Миёни хонандагони шаҳри Душанбе ду олимпиадаи нав баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 04.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар пойтахт Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ва Олимпиадаи хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор мегардад.
Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ташкил ва баргузории олимпиадаи хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) таҷрибаи нахустин дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, зеро чунин олимпиада танҳо дар Россия ва Беларус доир мегардид. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе нақша дорад, ки моҳи марти соли 2021 ин гуна олимпиада доир намояд.
Олимпиадаи мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ ва тадқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат), фароҳам овардани шароит ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳаи истеҳсолот, омода гардидан ба зиндагии мустақилона, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида, ба касбинтихобкунии насли наврас, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ ва худшиносии онҳо мусоидат менамояд.
Олимпиадаи даставии «Истеъдод» бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» таҳия гардидааст. Олимпиадаи даставии «Истеъдод» барои хонандагони синфҳои 7-11 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе вобаста ба фанҳои табиӣ — риёзӣ дар як давр (даври шаҳрӣ) гузаронида мешавад. Олимпиада бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонандагони боистеъдод ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриодӣ, мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ва давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ташкил карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки масъулияти баргузории олимпиадаҳо ба зиммаи Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе» ва марказҳои рушди истеъдодҳои ноҳияҳои пойтахт гузошта шудааст.








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






