ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 январ, якшанбе, 24-умин рӯзи соли 2021 аст

Январь 24, 2021 08:00

24 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

***

7 сол пеш, 24 январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия муҳокима карда шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

 24 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии эскимо.

***

Дар Британияи Кабир – Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.

 РӮЙДОДҲО:

 24 январи соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.

 ***

24 январи соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

***

7 сол пеш, 24 январи соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бозии кушодашавии Ҷоми «Иттиҳод-2014» миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ – 2:2 ба анҷом расид.

*** 

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои  аҳолӣ ба имзо расид.

***

4 сол пеш, 24 январи соли 2017 Канслери Германия Ангела Меркел гуфт, ки ҷаҳон ба марҳилаи нави таърихӣ шомил мешавад.

  ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.

Январь 24, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш