ТАСС: Вазъи коронавирус дар аксар кишварҳои хориҷаи наздик беҳтар мешавад, дар Тоҷикистон бошад моҳи январ умуман ягон ҳолати нави сироят ба қайд гирифта нашуд

Январь 30, 2021 12:53

ДУШАНБЕ, 30.01.2021 /НИАТ «Ховар»/.  Оғози соли нав дар аксари кишварҳои хориҷаи наздик бо коҳиш ёфтани афзоиши ҳаррӯзаи сирояти коронавирус мушоҳида гардида, моҳи январ дар Тоҷикистон ягон ҳолати нав ба қайд гирифта нашуд. Дар ҳамин ҳол, дар Украина ва Қазоқистон ин нишондод рӯ ба афзоиш аст, мақомот аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ба чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷоришуда ҷиддитар муносибат кунанд, то барои ҷори намудани чораҳои нав зарурат пеш наояд, хабар дод ТАСС 29 январ.

Афзоиши ҳаррӯзаи сироятҳо дар Тоҷикистон, Молдова, Грузия, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон коҳиш ёфт.

 Дар куҷо вазъ беҳтар мешавад:

  • Дар Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 инҷониб ягон ташхиси мусбати коронавирус ба қайд гирифта нашудааст;
  • Дар Молдова шумораи миёнаи гирифторони нав нисбат ба моҳи декабр, вақте ки авҷи афзоиши ҳаррӯза сабт шуда буд, се маротиба кам шудааст;
  • Дар Грузия нишондиҳандаҳои миёнаи моҳи январ нисбат ба моҳи декабр якчанд маротиба кам мебошанд, мақомот аз 1 феврал тасмим гирифтанд, ки парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо кишварҳои хориҷиро, ки аз моҳи марти соли 2020 қатъ шуда буданд, барқарор кунанд ва як қатор маҳдудиятҳоро дар дохили кишвар бекор намоянд;
  • Дар Озарбойҷон афзоиши миёнаи ҳаррӯзаи шумораи сироятёфтагон панҷ маротиба коҳиш ёфт, аз 18 январ сабукшавии тадриҷии низоми карантин оғоз гардид;
  • Дар Арманистон афзоиши ҳаррӯза аз 200 нафар (авҷи он тирамоҳ расида буд, вақте ки ин рақам 2 ҳазорро ташкил медод) кам буда, коршиносон мегӯянд, ки ин кишвар мавҷи дуввуми пандемияро паси сар кард;
  • Дар Қирғизистон моҳи январ аз 80 то 150 ҳолати нав ба қайд гирифта мешавад — нисбат ба моҳи декабр тақрибан ду баробар кам;
  • Дар Ӯзбекистон нишондиҳандаҳои афзоиши ҳаррӯза нисбат ба охири соли гузашта якуним-ду маротиба коҳиш ёфтаанд;

Дар куҷо вазъ беҳтар нагардидааст:

  • Дар Беларус дар аввали моҳи январ коҳиши афзоиши ҳаррӯза мушоҳида мешуд, аммо ҳоло нишондиҳандаҳо ба ҳолати қаблии худ баргаштанд;
  • Дар Қазоқистон вазъи эпидемикӣ давоми ду моҳи охир бад шуда истодааст. Дар моҳи январ дар муқоиса бо моҳи декабр сатҳи беморӣ бинобар бад шудани вазъ дар ҳашт минтақаи ин кишвар 10% афзоиш ёфт. Мақомот интизор доранд, ки авҷи афзоиши беморӣ ба охири моҳи март рост меояд;
  • Дар Украина афзоиши ҳаррӯза нисбат ба моҳи декабр се маротиба камтар аст, аммо охири моҳи январ, пас аз бекор кардани карантини шадид, афзоиши якбораи нишондиҳандаҳо ба назар мерасад.

АКС аз © REUTERS / Владимир Пирогов

Январь 30, 2021 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид