Теъдоди ҳолатҳои ошкоршудаи коронавирус дар ҷаҳон аз 90 млн зиёд шуд

Январь 11, 2021 13:31

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар ҷаҳон аз 90 млн зиёд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти омори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки имрӯз нашр шудааст.

Ҳамин тавр, то соати 10:00 (ба вақти Душанбе) -и 11 январ, дар ҷаҳон 90 689 748 ҳолати сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст.

Аз ҷиҳати ин нишондиҳанда ИМА пешсаф аст ва саҳми он қариб чоряки тамоми сироятҳоро ташкил медиҳад – 22 917 334. Дар ҷои дуюм Ҳиндустон бо 10 467 431 ҳолат ва дар ҷои сеюм Бразилия бо 8 105 790 ҳолат қарор доранд.

Дар айни ҳол 1 943 099 нафар бар асари носозиҳо ва мушкилоти вобаста ба коронавирус ҷон бохтаанд, аз ҷумла 383 275 нафар дар ИМА, 203 140 нафар дар Бразилия ва 151 198 нафар дар Ҳиндустон. Маҷмӯан дар саросари ҷаҳон зиёда аз 64,8 миллион беморон шифо ёфтаанд.

8 январ коршиноси СУТ Мария ван Керкхова тасдиқ кард, ки штамми нави коронавирус, ки дар Британияи Кабир ошкор шудааст, нисбат ба штамми  аввалин зудтар паҳн мешавад.

Як рӯз пеш аз ин маълум шуд, ки штамми нави COVID-19 аллакай дар 22 давлати Аврупо ошкор шудааст.

                                                                  АКС аз бойгонӣ

Январь 11, 2021 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон