Тиллокон аз рӯи натиҷаи озмуни шаҳрӣ беҳтарин маҳаллаи Хуҷанд эътироф гардид
ХУҶАНД, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд — Хуҷанд натиҷаи озмуни шаҳрии «Беҳтарин оила, кӯча ва маҳалла» ҷамъбаст карда шуд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, 13 январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки дар он натиҷаи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2020 ҷамъбаст ва ғолибони озмуни шаҳрии «Оила, кӯча ва маҳаллаи беҳтарин» муайян карда шуданд.
Дар ҷаласа муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ширкат варзиданд.
Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон, маҳаллаи Тиллокон, ки 10 сол боз онро омӯзгори ботаҷриба бо собиқаи кории 30-сола — Баҳриниссо Собирова роҳбарӣ мекунад, «Маҳаллаи беҳтарин» эътироф шуд.
Маҳаллаҳои Чорчароғ ва Содирхони ҳофиз мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд. Оилаи Бобоҷоновҳо, ки дар маҳаллаи Мевагул зиндагӣ мекунад, ҳамчун яке аз оилаҳои беҳтарини шаҳр номбар шуд ва кӯчаҳои Инъом Деҳқонови маҳаллаи Ваҳдат, Мирзоҳабиб Бақоеви маҳаллаи Тути Калон ва Абӯмаҳмуди Хуҷандии маҳаллаи Чашмаи Арзана сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар охири маҷлиси фаъолони шаҳр ба ҳамаи ғолибон ифтихорномаҳо, дипломҳо ва мукофоти пулӣ супорида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






