Тоҷикистон ва Япония дар самти пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда ҳамкории зич ба роҳ мемонанд

Январь 8, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 8.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда 7 январ  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода бо намояндагони Сафорати Япония дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Самариддин Ализода дар вохӯрӣ бо намояндагони Сафорати Япония дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми солҳои охир тасмим гирифт, ки ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшонро ба тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд. Ин ҳадаф ҳамчун чорабинии муҳим дар Барномаи миллии иммунопрофилактика низ дарҷ гардидааст.

«Хушбахтона, соли 2020 бо дастгирии Ҳукумати Япония ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон тавассути ЮНИСЕФ харидорӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд»,-афзуд муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Инчунин Самариддин Ализода аз номи роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Япония барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ  намуд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Япония аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ кумаки худро ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда расонидааст.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати харидорӣ ва дастрас намудани ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон дар соли 2021 ба ҷумҳурӣ табодули афкор намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории бештар иброз доштанд.

Январь 8, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд