Вакили Маҷлиси намояндагон Баҳриддин Зиёӣ дар Ашт бо интихобкунандагон оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда суҳбат намуд

Январь 8, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 08.01.2021. /АМИТ «Ховар»/ Айни замон дар  ноҳияи Ашт ду мушкили асосӣ вуҷуд дорад: таъмири роҳи Ашт-Хуҷанд ва пойгоҳҳои обкашии ноҳия, ки наздики ним аср дар хизмати кишоварзону боғпарварони ноҳия  қарор дорад. Ин  ва дигар масъалаҳо, ки  ҳалли онҳо ба некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд, зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ин матлабро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ зимни мулоқот  бо интихобкунандагон дар Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт иброз намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, 7 январ дар толори ин мақомот  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ашт №17 Баҳриддин Зиёӣ бо интихобкунандагони Ҷамоат вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот роҳбарони сохторҳои қудратӣ, корхонаву ташкилотҳо, фаъолон ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Шайдон иштирок доштанд.

Баҳриддин Зиёӣ дар бораи самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамчунин аз фаъолияти кории худ  ҳамчун вакил маълумоти мухтасар дод. Мавсуф  таваҷҷуҳи ҳозиринро  ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати пешвози сазовори 30-солагии Истиқлолият, пешгирии бемории сироятии КОВИД-19, захираи озуқаворӣ ба василаи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва танзими ҷашну маросим ҷалб намуда, бо таҳлили вазъи ҷаҳони имрӯз ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таълимоти ғайрирасмии динӣ, бетараф набудан дар ҳаёти фарзандон андешаҳои судманд изҳор намуд.

Баҳриддин Зиёӣ   бо ёдоварӣ аз Муроҷиатномаи навбатии Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” изҳор дошт, ки имрӯз воқеан пешгӯии ҳолат ва сатҳи оби дарёҳои барқтавлидкунанда душвор аст ва яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилот бегумон сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ маҳсуб мешавад.

“Имрӯз ҳарчанд аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати рафъи душвории бамиёномада тадбирҳои оҷилӣ андешида мешаванд (аз ҷумла қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя), аммо табиист дар ин самт истифодаи сарфакоронаи барқ чӣ аз ҷониби аҳолӣ ва чӣ коргоҳу муассисаҳо муҳим арзёбӣ мешавад”,-афзуд номбурда.

Дар мулоқот ҳамчунин намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Набиҷон Раҳмонов ва устоди ДДХ ба номи Б.Ғафуров Ӯғулой Умаралиева дар самти амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ ва гаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, сарфакорӣ дар ҷашну маросим сухан гуфтанд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо овардани рақамҳо аз самтҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия таъкид намуд, ки ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус, истифодаи  сарфакоронаи нерӯи барқ, амалӣ намудани нуктаҳои ду қонунҳои болозикр, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан дар тарбияи насли наврас дастаҷамъона кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 то 9 январи соли равон мулоқоти вакилони МН МО ҶТ бо интихобкунандагон баргузор мегардад.

Январь 8, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд