Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода ба сокинони Шаҳринав муҳтавои дастуру супоришҳои Пешвои миллатро расонид

Январь 8, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 8.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар ноҳияи Шаҳринав зимни мулоқот бо интихобкунандагон нахуст дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалие, ки дар соли сипаришуда аз ҷониби мақомоти олии қонунбарори мамлакат қабул ва тасдиқ шудаанд, маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин доир ба муҳтавои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, деҳаву маҳалла ва муҳити хонаводагӣ маълумоти муфассал дод. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар иртибот ба дуруст роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакорона аз неруи барқ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва дар мафкураи шаҳрвандон ҷойгузин намудани фарҳанги сарфакорӣ дар бобати худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии сермасраф таъкид гардид, ки риояи чунин муқарраротро талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба неруи барқ, коҳиш ёфтани захираҳои обии мамлакат бинобар зимистони сард ва тағйирёбии иқлим ба миён овардааст.

Мавзӯи дигаре, ки дар меҳвари масъалагузориҳои вохӯрӣ қарор гирифт, ба истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва президентӣ, коркарди дурусти онҳо ва сари вақт анҷом додани корҳои ниҳолшинонӣ марбут буд.

Дар ин замина тозаву озода нигоҳ доштани хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, таъмиру бунёди хонаҳои замонавӣ, ташаккули фарҳанги сохтани гармхонаҳо ва захираи озуқа дар муҳити деҳот ҳамчун тадбирҳои муҳиме муаррифӣ гардиданд, ки барои беҳтар намудани некӯаҳволии мардум мусоидат мекунанд.

Файзулло Баротзода инчунин дар бораи оқибатҳои ногувори паҳншавии бемории COVID-19 дар ҷаҳон ёдовар шуда,  гуфт, ки «ҳоло марҳилаҳои дуюму сеюми афзоиш ва паҳншавии ҳалокатбори ин беморӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Моро зарур аст, ки ба   қоидаҳои санитарию эпидемологӣ, фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ҳамчун василаи муҳим барои пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем».

Ёдовар мешавем, ки мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон то 9 январ идома меёбанд.

Январь 8, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид