Вакилони Маҷлиси намояндагон аз Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» марҳилаи аввали корҳои сохтмони панҷарабандии ҳудуди минтақа дар доираи лоиҳаи тасдиқгардида ва талаботи муқарраргардида бо дарозии зиёда аз 800 метр анҷом дода шуда, масофаи умумии панҷарабандии атрофи он 9,3 км-ро ташкил медиҳад. Дар раванди корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар мутахассисони маҳалли атрофи минтақаи мазкур бо маоши муносиб ба кор ҷалб гардиданд. Инчунин лоиҳаи ангоравии бинои маъмурӣ, гузаргоҳи гумрукӣ ва нақшаи генералии МОИ тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа гардида, оғози корҳои сохтмонӣ дар аввали соли равон пешбинӣ гардидааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло ва Шарифҷон Ҳакимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» боздид намуданд.
Зимни боздид меҳмонон мушкилоти мавҷудаи Минтақаи озоди иқтисодиро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор додаанд. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро баҳри такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи вобаста ба ҷалби бештари сармоягузориҳо ба Минтақаи озоди иқтисодӣ баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба шаҳри Кӯлоб бо намояндагони соҳаи маориф ва фаъолон ҷиҳати самаранок истифода бурдани неруи барқ, пешгирии бемории коронавирус (covid-19), вусъати кишту кор дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






