Вазорати корҳои дохилии Россия ва ҳукумати Москва ҷалби муҳоҷиронро аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои кор ташкил мекунанд

Январь 22, 2021 12:23

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Россия ва ҳукумати пойтахти Россия муштаракан ҷалби муҳоҷиронро барои кор дар Москва дар шароити пандемия ташкил мекунанд. Дар ин бора 21 январ дар коллегияи васеи Сарраёсати ВКД дар Москва муовини аввали вазири корҳои дохилии Россия Александр Горовой изҳор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Имрӯз мо муштаракан бо раёсатҳои  дахлдори ҳукумати пойтахт ва маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сохтмонҳо ва маҷмааи манзилии пойтахт кор бурда истодаем. Назорати ҷойгиркунии наздики онҳо, риояи реҷаи маҳдудият дар пойтахт ба зиммаи мо гузошта шудааст», — гуфт Александр Горовой.

Вай инчунин зикр кард, ки дар шароити пандемияи коронавирус маҷрои муҳоҷирони меҳнатӣ ба Россия коҳиш ёфтааст. «Вазъи вобаста ба муҳоҷират бояд зери назорат бошад, аммо мушкилот вуҷуд доштанд, акнун онҳо муайян шудаанд. Дар натиҷаи бекор кардани маҳдудият норасоии қувваи кории хориҷӣ ошкор шуд», — зикр кард Горовой.

                                                           АКС аз бойгонӣ

 

Январь 22, 2021 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид