Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соли 2021 дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ярмаркаҳои ҷойи кор ташкил мекунад
ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки иқдоми бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолӣ ва фароҳамоварии заминаҳои шуғли фосилавӣ, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои калонсолон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатро тақвият бахшида, бо мақсади фароҳам овардани шароити корӣ барои сокинон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои саривақтӣ андешад. Соли 2021 аз ҷониби сохторҳои марбутаи вазорат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ташкил карда мешаванд.
Ин нуктаро имрӯз зимни баргузории ҷаласаи мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода баён намуд.
Дар ҷараёни ҷаласаи мушовара Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳру вилоятҳои он ба таври фосилавӣ аз фаъолияти худ гузориш доданд.
Зикр гардид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон анҷом медиҳад. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти дар нақшаи идоракунӣ муайяншуда ва ташкилоти системаи худро ҳамоҳанг менамояд.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






