Замимаи мобилии «Роҳнамои муҳоҷир» фаъол гардид

Январь 14, 2021 09:53

ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти муҳоҷирати  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳайати Шафқат»  сомона ва замимаи мобилии «Роҳнамои муҳоҷир»ро фаъол гардонид. Замимаи мобилӣ фарогири муҳимтарин маълумот ва ахбор барои муҳоҷирон буда, аз се қисми таркибӣ иборат аст: Қабл аз муҳоҷират”, “Дар давраи муҳоҷират” ва “Баъд аз муҳоҷират”. Ҳамагӣ бо як бор ройгон боргирӣ намудани замимаи мобилӣ  муҳоҷир метавонад онро дар тамоми раванди муҳоҷират истифода барад, зеро он ивазкунандаи буклету варақаҳои таблиғотӣ, китобчаҳову шарҳи қонунҳои ба ин самт тааллуқдошта  мебошад.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  Хадамот корҳои фаҳмондадиҳиро  тариқи расонаҳои хабарии электронӣ  ба роҳ монда, ба ҳамватанон оид ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирон,   пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ,  муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хатарҳои сироятёбӣ аз вируси норасоии масъунияти одам ва дигар бемориҳои сироятӣ дар раванди муҳоҷират, инчунин оид ба  тағйироте, ки  тайи солҳои охир дар қонунгузории давлати асосии қабули муҳоҷирони меҳнатии мо — Федератсияи Росия  ворид гардидаанд, маълумоти зарурӣ  пешниҳод менамояд.

Минбаъд ҳангоми бурдани корҳои иттилоотонию фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирон аз ҷониби  Хадамоти муҳоҷират тарзи боргирӣ кардан ва истифода аз замимаи мобилӣ фаҳмонида мешавад. Нуқтаи назари муҳоҷирон – истифодабарандагонро омӯхта, ҳангоми пеш омадани зарурат  ба замимаи мобилӣ  ва сомона тағйирот ворид карда мешаванд. Дар замимаи мобилии «Роҳнамои муҳоҷир» маълумот гурӯҳбандӣ шудааст ва муҳоҷир имкон дорад танҳо маълумоти лозимаро дар ин ё он давраи муҳоҷират дастрас намояд. Маълумоти асосӣ ба се қисм ҷудо мешавад: қабл аз муҳоҷират; дар давраи муҳоҷират; баъд аз муҳоҷират. Инчунин, маълуоти иловагӣ ва роҳҳои дигари гирифтани маълуот низ дар бахшҳои алоҳида нишон дода мешаванд. Масалан дар бахши “Тамос” рақамҳои корӣ ва мобилии масъули замима ва сомона, рӯзноманигори хадамот, шуъбаи умумӣ ва рақамҳои телефон ва суроғаи ҳама бахшу шуъбаҳои Хадамот дар ноҳияҳо, рақамҳо барои тамос бо 4 маркази машваратӣ ва омодагии қабл аз сафари муҳоҷирон нишон дода шудааст. Дар бахши “Сафорат” бошад, рақамҳои телефон ва суроғаҳои намояндагии Вазорати меҳнат. муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР, дар бахши “Диаспораҳо” ҳамчунин суроға ва рақамҳои телефони марказҳои тоҷикон дода шудаанд. Барои бе ёрии операторон гирифтани ҷавоб ба баъзе саволҳои худ, муҳоҷирон метавонанд аз бахши “саволҳои маъмул” истифода баранд.

Дар бахши “Ахбор барои муҳоҷир” танҳо маълумоте гирдоварӣ шудаанд, ки муҳоҷирон бештар онҳоро донистан мехоҳанд.  Табиист, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бо худ маводҳои фаҳмондадиҳиро намегардонанд, аммо бо истифод аз инфомуҳоҷир метавонанд дар лаҳзаи лозима маълумотро дастрас намоянд, чун аксар муҳоҷирон телефонҳои мобилӣ доранд ва онро истифода бурда метавонанд. Ҳатто агар муҳоҷир бо сомонаҳои интернетӣ кор карда натавонад, ҳамагӣ бо як бор боргирӣ кардан аз сомона ё гузаронидан аз телефон ба телефон тавассути функсияи вайфай ё замимаи маъмули “Шеярит” дар тамоми давраҳои муҳоҷират онро истифода барад, ки ин ҳаҷми физикӣ надошта, ба маротиб қуллайтар аст. Дар инфомуҳоҷир маълумот гурӯҳбандӣ шудааст ва муҳоҷир имкон дорад танҳо маълумоти лозимаро дар ин ё он давраи муҳоҷират дастрас намояд.

Матнҳо бо забони сода ва оммафаҳм таҳия мешаванд. Имконияти эҷоди тағйирот ва дигаргунӣ дар лаҳзаи дилхоҳ ҳаст. Баъд аз омӯзиши нуқтаи назари муҳоҷирон ва истифодабарандагон метавон кори сомона ва замимаи мобилиро такмил дод.  Инчунин сомонаи нави Хадамот дар суроғаи infomuhojir.tj (инфомуҳоҷир нуқта тиҷӣ) фаъол аст ва он нисбат ба замимаи мобилӣ маводи бештарро дар бар мегирад.

Агар муҳоҷир маълумоти зарурияшро наёфт, ё аз рақамҳои барои тамос додашуда маълумот дастрас карда натавонист, он гоҳ метавонад аз чати доимо бархат  (горячая линия) истифода барад. Ҳам дар равзанаи асосии сомона ва ҳам дар замимаи мобилӣ дар тарафи рост аз қисамти поёни тугмачаи чат ҷойгир аст. Ҳангоми зер кардани он равазанаи чат пайдо мешавад, ки барои истифодабарӣ ниҳоят қуллай аст ва аз дигар месенджерон фарқият надорад (вайбер, ватсап, имо). Муҳоҷир истифодабаранда қабл аз додани савол бояд аввал рақами телефон ва суроғаи электронии худашро нависад, ки ин барои чанд ҳолат пешбинӣ шудааст: баъзан муроҷиат ё саволҳо метавонанд нофаҳмо бошанд чунки на ҳама фикрашро дар шакли хаттӣ истифода мебарард. Дар ин сурат, корманди масъули  Хадамот метавонад ба шумораи гузошташуда дар тамос шавад ва тариқи телефон маълумоти лозимаро дастас намояд, муҳоҷир- истифодабаранда метавонад саволҳои   аз  доираи  сомона ё замимаи мобилӣ берунро пешниҳод намояд. Дар ҳолати истифодабарии замима, смс хабар ба замима фиристода мешавад, агар муҳоҷир аз сомона истифода бурда бошад, смс хабар ба телефонаш меравад, ё ба почати электрониаш, корманди масъули  хадамот  тамоми рӯз ё берун аз вақти корӣ назди компютер нишаста, ба саволҳо ҷавоб гардонида наметавонад. Барномаи “джива” дар телефонҳои кормандони масъули  хадамот насб мегардад, ки ҳар лаҳза метавонанд ба саволҳои муҳоҷирон ҷавоб гардонанд.

Январь 14, 2021 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» 1783 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд
Маблағи грантҳои президентӣ вобаста ба арзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҷудо мегардад
Ҷарроҳони чинӣ наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ кам шудаанд
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаи «Тоҷиксуғурта» ба 588 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Рашт кумаки молиявӣ расонид
Беш аз 5 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғулияти касбомӯзиро хатм намуданд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКРОНӢ. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба самти инноватсионии рақамӣ мегузарад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо кам карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 56 корхонаи тобеи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ системаи биллингӣ амал менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон риоя нашудани қонуни танзим 255 ҳолат камтар сабт гардидааст