Зиёда аз 30 кишвар эмгузарониро зидди COVID-19 шурӯъ карданд. Тоҷикистон ба он омодагӣ мегирад

Январь 6, 2021 11:11

ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Як сол пас аз оғози густариши бемории нав дар зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон эмгузаронии гурӯҳҳои дар рӯёрӯйи ин сироят осебпазир оғоз ёфт: меъёри нав дар коркарди  эмгузаронӣ муқаррар шудааст, акнун бояд ба меъёри нави дастрасӣ ба ваксинаҳо ноил шуд. Дар ин бора дирӯз, 5 январ Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) доктор Тедрос Гейбрейесус ҳангоми суханронӣ дар брифинг дар Женева изҳор намуд.

Роҳбари СУТ истеҳсолкунандагонро даъват кард, ки ҷиҳати таъминоти ваксинаҳо аз системаи COVAX* — барномаи ҳамкории байналмилалӣ, ки 190 кишвар онро дастгирӣ кардаанд, истифода кунанд. «Худи ин кишварҳо ба қатъи миллатгароии ваксинӣ манфиатдоранд», — зикр  кард доктор Тедрос.

Вай хотиррасон кард, ки ҳанӯз ҳафтаи гузашта СУТ маълумотро дар бораи бехатарӣ ва самаранокии ваксинаҳои истеҳсоли ширкати амрикоии Pfizer ва ширкати немисии BioNTech -ро таҳлил карда, онҳоро барои истифодаи таъҷилӣ дар мубориза бо COVID-19 маъқул донист.

“Ҳадафи COVAX — то охири соли 2021 расонидани ду миллиард вояи ваксинаҳои бехатар ва самарабахш мебошад, ки ҳукуматҳо онҳоро тасдиқ кардаанд ва баҳои пешакии СУТ-ро гирифтаанд. Ин ваксинаҳо ба ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ мутаносибан бо шумораи аҳолии онҳо баробар пешниҳод карда мешаванд”, — зикр мекунад СУТ.

Дар брифинг Алехандро Кравиото, раиси Гурӯҳи машваратии стратегии СУТ оид ба иммунизатсия ширкат варзид. Вай гуфт, ки мутахассисони СУТ тавсия медиҳанд ду вояи ваксина дар фосилаи 21-28 рӯз ба бадани одамон ворид карда шаванд. Дар айни ҳол доктор Кравиото илова кард, ки баъзе кишварҳо «бо якчанд сабабҳо метавонанд ин ваксинаҳоро тибқи нақшаҳои дигар ворид намоянд», аммо ин ба тавсияҳои СУТ дар марҳилаи кунунӣ мутобиқат намекунад.

Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ба эътидол омада истодааст ва маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда барои ҷилавгирии паҳншавии сирояти коронавируси нав, аз ҷумла тадбирҳои пешгирикунандаи эмгузаронӣ бо ваксина андешида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба рӯйхати кишварҳои дархосткунандаи ваксина бар зидди сирояти COVID-19 дар доираи механизми COVAX шомил карда шудааст. СУТ эълон кард, ки кишварҳои иштирокчии COVAX метавонанд ба ваксинаҳои зидди коронавирус дар нимаи аввали соли 2021 дастрасӣ пайдо кунанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории техникиро, ки аз сармутахассисони соҳа, коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иборат мебошад, барои омодагӣ ба эмгузаронӣ тавассути  ваксина алайҳи COVID-19 таъсис додааст.

Гурӯҳи корӣ тибқи талаботи механизми COVAX, гурӯҳи мақсаднокро барои эмгузаронӣ алайҳи COVID-19 аз ҷумлаи шумораи умумии аҳолӣ  муайян кард, ки 1,8 миллион нафар ё 20% шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Ба ин гурӯҳ кормандони соҳаи тиб, маориф, аҳолии аз 50-сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини гузаранда дохил шудаанд. Маълумот дар бораи гурӯҳи мақсаднок ба Алянси глобалӣ оид ба ваксинаҳо ва эмгузаронӣ 7 декабри соли 2020 фиристода шуд.

Интизор меравад, ки миқдори зарурии ваксинаҳо барои ин гурӯҳҳо тавассути механизми COVAX дар доираи кумаки башардӯстона ба мамлакат ворид хоҳад шуд. Илова бар ин, Бонки ҷаҳонӣ барои хариди ваксинаҳо 3 миллион доллар ҷудо кардааст ва ҷудо намудани 5 миллион доллари иловагӣ пешбинӣ шудааст.
_________________________________
* COVAX — Фонди ҷаҳонии дастрасӣ ба ваксинаҳо зидди COVID-19, ки бо кӯшиши СУТ ва Иттиҳоди ҷаҳонӣ оид ба ваксинаҳо ва эмгузаронӣ (GAVI) таъсис ёфтааст. Ҳадафи механизм таъмини дастрасӣ ба ваксинаҳо барои кишварҳои дорои даромади кам ва миёна мебошад.

ДАР АКС: мубодилаи озоди маълумоти илмӣ ба мутахассисон имкон дод, ки ҳарчи зудтар ба таҳияи ваксина алайҳи коронавирус шурӯъ кунанд. Аксҳо аз Донишгоҳи Оксфорд / Ҷ. Кейрнс.

Январь 6, 2021 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд
Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад