Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи ҶДММ «ММК Агро» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд

Февраль 3, 2021 13:16

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро” дидан намуда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили помидор ширкат варзиданд.

Иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, дар он помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, ҳандалак ва дигар намуди сабзавот бо охирин насли технологияи инноватсионӣ парвариш карда мешаванд.

Гармхонаи инноватсионӣ аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров соли 2020 дар масоҳати 2 гектар ташкил гардида, он ба ду қисм — гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо шудааст. Технологияи парвариш аз Кореяи Ҷанубӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар як гектари гармхона чор намуди помидор- “Алая каравела”, “Адреатика”, “Розовий биче сердса” ва “Дафниc” пухта расидаанд.

Ин навъи помидорҳо ба иқлим мувофиқ кунонида шуда, серхаридор ва ба касалиҳои гуногун тобовар мебошад.

Парваришу нигоҳубини тухмии навъҳои помидор ва дигар намуди сабзавот ба таври автоматӣ иҷро гардида, барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд нуриҳои гуногун тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ расонида мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад.

Помидоре, ки дар гармхонаи “ММК Агро” пухта расидааст, моҳи август аз тухм кишт шуда буд. Имрӯз дар натиҷаи заҳмати коргарон он ғарқи ҳосил аст. Ба тахмини хоҷагидорон, аз ин як гектар гармхона гирифтани 120 то 150 тонна помидори баландсифат имконпазир аст. Маҳсулоти омодашуда самараи қисмати гидропоникаи гармхона мебошад.

Дар қисми органикии гармхона, яъне ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне ҳавои сунъии гарм нигоҳ дошта мешавад.

Дар ин қисми гармхона сабзиши кӯчати булғорӣ, помидор ва ҳандалак таъмин карда мешавад.

Дар гармхона 40 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши баланд таъмин мебошанд.

Зимни боздид аз имконият ва шароити мусоиди корӣ дар гармхонаи инноватсионӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, бобати равнақ бахшидани гармхонадорӣ бо ин усул дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Боздид аз гармхонаи ҶДММ “ММК Агро” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 03.02.2021

Февраль 3, 2021 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд