Ҳабибулло Воҳидзода: Мақсади Агентӣ гирифтани пеши роҳи воридшавии маводи нашъадор ба Тоҷикистон аст

Февраль 4, 2021 11:15

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақсади Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки зимни гузаронидани амалиёти муштарак оид ба муайян кардани ҳодисаҳои ҷинояткорӣ пеши роҳи бо роҳи қочоқ ворид шудани маводи нашъадор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  гирифта шавад. Ҳоло Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои мубориза бо маводи нашъадор дар соли 2021-2030 аз ҷониби Агентии мо омода шуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардад. Тамоми фаъолияти Агентӣ дар асоси ин Стратегия ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ибрози назар намуд.

Зимни нишаст зикр шуд, ки соли сипаришуда аз ҷониби Агентӣ 144 (с.2019-131) ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардид, ки нисбат ба соли гузашта 13 ҷиноят ё 9,9 фоиз зиёд мебошад. Аз инҳо 97 ҷиноят оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш, 1 ҷиноят оид ба фасодхона, 6 ҷиноят оид ба қочоқи маводи нашъадор буда, боқимондаро дигар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.

Ба саволи хабарнигори АМИТ “Ховар” дар мавриди моҳи январи соли 2020 дастгир гардидани гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ Ҳабибулло Воҳидзода посух дод, ки “дарвоқеъ,  аз ҷониби кормандони Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ фаъолияти як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ ошкор ва фаъолияташ қатъ  гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 44 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд. Ба ин гурӯҳ як  нафар шаҳрванди Афғонистон ва ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ мебошанд”.

Сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии мазкур,  генерал-майор Ҳотамшо Маҷидзода ба ин саволи хабарнигори АМИТ “Ховар”  муфассалтар посух дода, зикр кард, ки “роҳбар ва аъзои гурӯҳи мазкур шаҳрванди Афғонистон Амири Аваз ва ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- Хусрав Назаров ва Эмомалӣ Тиллоев дар шаҳри Душанбе ду хонаи истиқоматиро иҷора гирифта, ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул будаанд. Нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳоро Суди ноҳияи Фирдавсӣ ба муҳлатҳои 15 ва 19 сол  аз озодӣ маҳрум намудааст. Як нафари дигар- Акбар Расулов айни замон дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад”,-зикр кард Ҳ. Маҷидзода.

Февраль 4, 2021 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид