Афроди мусаллаҳ дар Нигерия ба як мактаб ҳамла карда, 27 нафарро рабуданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Афроди мусаллаҳи номаълум ба як мактаб дар вилояти Нигери ҷумҳурии Нигерия ҳамла карда, як донишҷӯро кушта, 27 нафари дигарро рабуданд, иттилоъ додааст хабаргузории «Садои Амрико»-и Афғонистон darivoa.com.
Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Нигерия рӯзи чаҳоршанбе 17 феврал гуфтааст, ки ба идораи маорифи вилоят амр шудааст, ки тамоми марказҳои омӯзиширо, ки хобгоҳ доранд бубанданд.
Шоҳидони ҳодиса ба хабаргузории “Ройтерз” гуфтаанд, ки ҳамлагарон тахминан соати 14:00-и рӯзи чоршанбе ба Коллеҷи давлатии илм дар минтақаи Кагара ҳамла карданд. Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки шумораи ҳамлагарон зиёд буд ва маъмурони амнияти коллеҷ натавонистанд онҳоро боздоранд.
Муҳаммад Боҳарӣ, раиси ҷумҳури Нигерия ин ҳамларо маҳкум кард ва маъмурони амниятиро барои ҳамоҳангсозии амалиёти наҷотдиҳӣ ба Нигер фиристод.
Маълум нест, ки кадом гурӯҳ дар ин ҳамла даст дорад, аммо тундравҳои ташкилоти Боко Ҳаром дар гузашта дар Нигерия чунин ҳамлаҳоро анҷом медоданд. Гурӯҳҳои дигари мусаллаҳ низ баъзан чунин ҳамлаҳоро дар Нигерия барои гирифтани пул ва ғаромат анҷом медиҳанд.
Афроди мусаллаҳ тақрибан ду моҳ қабл ба мактаби миёна дар вилояти Катсинаи Нигерия ҳамла карда, тақрибан 350 нафар мактаббачагонро рабуда буданд. Аммо пас аз чанд рӯз ба неруҳои амниятии Нигерия муяссар шуд, ки толибилмонро аз одамрабоён раҳо кунанд.
Соли 2014 тундравҳои Боко Ҳаром беш аз 270 хонандаи духтарро аз як мактаб дар Шибук рабуда буданд, ки сарнавишти 100 нафари онҳо то ҳол номаълум аст.
Чунин ҳамлаҳо нигарониҳоро дар мавриди афзоиши хушунатҳо аз ҷониби шӯришиёни исломгаро ва гурӯҳҳои мусаллаҳ афзоиш дод ва фаъолияти президент Боҳариро дар таъмини амнияти Нигерия шадидан зери танқид қарор додааст.
Хушунатҳо ва ноамниҳо дар канори мушкилоти иқтисодӣ ва эпидемияи коронавирус, зиндагии мардуми Нигерияро, ки сераҳолитарин кишвари Африқо мебошанд, бо душвориҳои фаровон дар ҳам омехтааст.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






