Афроди мусаллаҳи ношинос як корманди амнияти миллиро дар Кобул террор карданд

Февраль 17, 2021 09:58

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Афроди мусаллаҳи ношинос субҳи рӯзи сешанбе 16 феврал як корманди амнияти миллиро дар ноҳияи 13-уми амниятии Кобули Афғонистон террор карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Меҳдӣ Сират, ки ҳамагӣ се моҳ қабл аз ноҳияи 18-уми амниятӣ ба Сарраёсати амнияти миллии Афғонистон гузашта буд, ҳадафи ҳамлаи навбатии террористии афроди ношинос қарор гирифт ва дар ҷои ҳодиса ҷон бохт.

Муҳаммад Зоҳир, шоҳиди ин ҳодиса гуфт: «Қотилон ду нафар буданд ва Меҳдиро таъқиб мекарданд. Ӯро бо тир заданд, мототсикл ва туфангчаашро гирифта рафтанд».

Афзоиши ҳодисаҳои террористӣ, бахусус сӯиқасдҳои мақсаднок, боис шудааст, ки аксари шаҳрвандон аз қисматҳои дурдаст ва ноамнии Кобул ба қисматҳои марказии пойтахт, аз қабили Қалъаи Фатҳуллоҳ, Вазир Акбархон ва Шаҳри Нав кӯч банданд.

Сокинони ин бахшҳои Кобул мегӯянд, ки аксари ниҳодҳои хориҷие, ки дар ин қисматҳо кор мекунанд, Афғонистонро тарк кардаанд ё ба ҷои дигар кӯчидаанд, аз ин рӯ шумораи хонаҳои кироӣ зиёд шудааст.

Дар се моҳи охир ва ё бештар аз он, таркиши минаҳои магнитӣ ва кушторҳои мақсаднок дар шаҳрҳои бузурги кишвар дар муқоиса бо гузашта ба таври бесобиқа афзоиш ёфтанд.

Ҳамзамон бо ин, дар натиҷаи таркиши автомашинаи Land Cruiser-и Вазорати эҳё ва инкишофи деҳот дар ҳавзаи ҳафтуми Кобул ду нафар маҷрӯҳ шуданд.

Февраль 17, 2021 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд