Афроди мусаллаҳи ношинос як корманди дафтари волии Ғазниро куштанд

Февраль 26, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти вилояти Ғазнии Афғонистон гуфтаанд, ки мардони мусаллаҳи ношинос як корманди дафтари волиро ба қатл расонидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон www.darivoa.com.

Сухангӯи волии Ғазнӣ Ваҳидуллоҳ Ҷумъазода 25 феврал ба «Садои Амрико» гуфтааст, ки Муҳаммад Мӯсо Ахлоқӣ, сардори танзими маҷлисҳои волии Ғазнӣ тавассути ашхоси номаълум кушта шудааст.

Сухангӯи волии Ғазнӣ гуфт, ки Ахлоқӣ, ки нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе бо писараш аз минтақаи Қалъаи Амир Муҳаммадхони маркази Ғазнӣ мегузашт, ҳадафи тирандозии мардони мусаллаҳ қарор гирифт. Вай афзуд, ки писари ҷаноби Ахлоқӣ дар ин ҳодиса захмҳои шадид бардоштааст.

Ҷаноби Ҷумъазода ин ҳамларо ба «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) нисбат дод ва гуфт, ки мошини Ахлоқиро ҷангҷӯён бо худ бурдаанд.

Муҳаммадмӯсо Ахлоқӣ як фаъоли сиёсӣ дар вилояти Ғазнӣ буд ва қаблан роҳбарии дафтари вилоятии Ҳизби исломии Афғонистонро бар уҳда дошт.

Дар рӯйдоди мушобеҳ силоҳбадастони мототсиклсавор субҳи 25 феврал  дар Парвони Афғонистон як корманди амнияти миллиро бо зарби гулӯла куштанд.

Абдул Шакур Қудусӣ, вулусволи Багром гуфтааст, ки ҳодиса соати 8:45 дар деҳаи Алихонхели ноҳия рух додааст.

То ҳанӯз касе масъулияти ин ду рӯйдодро ба дӯш нагирифтааст.

Февраль 26, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид