Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қочоқи телефонҳои мобилиро ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар сабаби қочоқи телефонҳои мобилӣ нисбат ба Саидов Абдурауф Пирназарович парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, Абдурауф Саидов бо маслиҳати пешакӣ бо «Шолочо» ном шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон 1 июли соли 2020 ба миқдори 20 адад телефонҳои мобилии тамғаи «Samsung Galaxy A10S», 20 адад «Samsung Galaxy A51», 20 адад «Redmi Note 8», 80 адад «Redmi Note 9» ва 20 адад «Redmi Note 9S»-ро бо роҳи кочоқ, яъне бидуни назорати гумрукӣ аз вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Мутобиқи хулосаи ташхис, арзиши умумии телефонҳои мобилии болозикр 345 640 сомониро ташкил медиҳад.
Бинобар ин нисбат ба Саидов А.П. бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






