Ҷамолиддин Абдуллозода: Дарвоқеъ аз 30 декабри соли 2020 инҷониб дар Тоҷикистон ягон ҳолати бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бори дигар тасдиқ намуд, ки дарвоқеъ, аз 30 декабри соли 2020 инҷониб дар Тоҷикистон ягон ҳолати бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
“Мо метавонем дар асоси ташхисҳои лабораторӣ ин суханро тасдиқ кунем. Дар давраи авҷи беморӣ ҳамарӯза беш аз 200 нафар аз ташхис мегузаштанд ва дар бештари он ташхисҳо нишонаҳои беморӣ мавҷуд буданд. Имрӯзҳо дар тамоми муроҷиатҳое, ки ба утоқҳои рентгенӣ ва ташхисӣ мешаванд, ягон ҳолати тасдиқи беморӣ мавҷуд нест”,- гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Аз оғози пандемия 13 ҳазору 308 бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 99,3% солим гардонида шуда, 90 нафар (ё 0,68%) фавтиданд.
Ба зикри мавсуф, бештари гирифторони COVID-19 дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо 4300 нафарро ташкил медиҳад. Ин шумора дар шаҳри Душанбе 4100, вилояти Хатлон – 1998, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1196 ва ноҳияҳои тобеи марказ 1500 нафарро дар бар мегирад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






