Ҷамолиддин Абдуллозода: Дарвоқеъ аз 30 декабри соли 2020 инҷониб дар Тоҷикистон ягон ҳолати бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст

Февраль 12, 2021 16:18

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин  Абдуллозода  бори дигар тасдиқ намуд, ки дарвоқеъ, аз 30 декабри соли 2020 инҷониб дар Тоҷикистон ягон ҳолати бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

“Мо метавонем дар асоси ташхисҳои лабораторӣ ин суханро тасдиқ кунем. Дар давраи авҷи беморӣ ҳамарӯза беш аз 200 нафар аз ташхис мегузаштанд ва дар бештари он ташхисҳо нишонаҳои беморӣ мавҷуд буданд. Имрӯзҳо дар тамоми муроҷиатҳое, ки ба утоқҳои рентгенӣ ва ташхисӣ мешаванд, ягон ҳолати тасдиқи беморӣ мавҷуд нест”,- гуфт Ҷамолиддин  Абдуллозода.

Аз оғози пандемия 13 ҳазору 308 бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 99,3% солим гардонида шуда, 90 нафар (ё 0,68%) фавтиданд.

Ба зикри мавсуф, бештари гирифторони  COVID-19 дар вилояти Суғд  ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо 4300 нафарро ташкил медиҳад. Ин шумора дар шаҳри  Душанбе 4100, вилояти Хатлон – 1998,  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1196 ва ноҳияҳои тобеи марказ 1500 нафарро дар бар мегирад.

Февраль 12, 2021 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»