Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро шарҳ доданд

Февраль 27, 2021 09:18

ТУРСУНЗОДА, 27.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  бахшҳои ҷавонону бонувон ва фаъолону шӯрои занон баҳри шарҳу тафсири нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоат вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ«Ховар» иттилоъ дод.

Дар ҷамъомади мазкур раиси ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода Саодат Умарова изҳор дошт, ки “Паёми навбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ин ҳуҷҷати таърихӣ мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки  дар ҳама бахшҳои мухталифи кишвар нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудаанд, ки чунин пешравиҳо аз рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишварамон гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа зери таассуроти беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Хушбахтона, имрӯзҳо  сокинону соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Сешанбе дар партави паёмҳои Пешвои миллат дар корҳои  созандагию бунёдкории ҳудуди ҷамоат фаъолона иштирок намуда, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30- солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд”.

Дар вохӯрӣ меҳмонон оид ба  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарнок, бурдани тарзи ҳаёти солим ва риояи қоидаҳои санитарию тозагӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, сидқан дӯст доштани Ватан, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, донистани таърихи худ ва арҷ гузоштан ба он сухан гуфтанд.

Аҳли нишаст, ки намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолии ҷамоат, аз ҷумла раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷамоат ва ҷавонону занон буданд, ҳамзамон иброз намуданд, ки амалисозии ин ҳуҷҷати муҳимро вазифаи худ дониста,  онро дар зиндагӣ ҳамчун роҳнамо истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади татбиқи амалии Паёми Сарвари давлат бо шумули коршиносону собиқадорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу мақомоти иҷроия  гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст, ки имрӯзҳо дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мулоқоту суҳбатҳо баргузор менамоянд.

Февраль 27, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд