Бар асари ду таркиш дар Нангарҳори Афғонистон ду нафар ғайринизомӣ кушта шуданд

Февраль 11, 2021 14:39

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Субҳи имрӯз (панҷшанбеи 11 феврал) дар вилояти Нангарҳори Афғонистион ду ҳамлаи террористӣ сурат гирифт ва дар натиҷаи таркиши минаҳо ду нафар кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба  шабакаи телевизионии tolonews.com.

Мақомоти маҳаллии Нангарҳор гуфтаанд, ки инфиҷори аввал дар натиҷаи таркидани минаи магнитӣ дар як мошини ғайринизомиён дар вулусволии  Комаи  ин вилоят рух дод, ки дар натиҷа ронанда кушта ва ҳамсафараш маҷрӯҳ шудааст.

Ин мақомот афзудаанд, ки минаи дуюми канори роҳ дар вулусволии Беҳсуди ин вилоят ҳангоми гузаштани як аробаи дастӣ таркидааст ва бар асари он як шахси ғайри низомӣ кушта ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон” масъулияти ин таркишҳоро бар дӯш нагирифтааст.

Февраль 11, 2021 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид