Бар асари таркиш дар шоҳроҳи Ҳирот-Ислом Қалъаи Афғонистон ду корманди полис кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд

Февраль 18, 2021 09:05

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомот мегӯянд, ки дар як таркиши субҳи чоршанбеи 17 феврал бар автомашинаи полис дар масири шоҳроҳи Ҳирот-Ислом Қалъаи Афғонистон ду корманди полис кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Ин ҳодиса ҳангоме рух дод, автомашинаи зиреҳпӯши полиси Ҳирот, ки ҳайати баррасикунандаи сӯхтори гумруки Ислом Қалъаи ин вилоятро  ҳамроҳӣ мекард, ба минаи канори ҷода бархӯрд. Автомашинаи зиреҳпӯш дар натиҷаи таркиш хароб шудааст.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш дар гумруки Ислом Қалъаи вилояти Ҳирот сӯхтор сар зада буд, ки дар натиҷаи он зиёда аз 1000 автомашинаи боркаш бо молу амволашон тӯъмаи оташ шуданд.

Инчунин шабакаи телевизионии tolonews.com. иттилоъ додааст, ки дар ду ҳодисаи ҷудогона дар Кобул се нафар кушта ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Манбаъҳои амниятӣ гуфтаанд, ки субҳи рӯзи чоршанбеи 17 феврал дар мавзеи Ҳусейн Хели вулусволии Багромии Кобул як корманди амнияти миллӣ ва як афсари вазорати мудофиа ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтанд ва дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд. Манбаъҳо афзудаанд, ки қурбониёни ҳамла Абдулқайюм, корманди Раёсати амнияти миллӣ ва писараш Фаҳим, афсари Вазорати дифои миллӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол шаби гузашта як гурӯҳи роҳзанони мусаллаҳ ба автомашинаи мусофирбаре, ки ба самти Багромӣ ҳаракат мекард, ворид шуда як мусофирро куштанд ва ду нафари дигарро захмӣ карданд.

Тибқи гузориши TOLOnews дар ду ҳафтаи охир дар ҳодисаҳои зидди амният садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Аз оғози сол то 15 феврал дар кишвар тақрибан сад ҳодисаи зидди амниятӣ, аз ҷумла таркиши минаҳои магнитӣ, минаҳои канори ҷода ва ҳамлаҳои ҳадафнок сабт шуданд.

Дар ин ҳодисаҳо 168 нафар ҳалок ва 172 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки хушунатҳо, махсусан таркиши минаҳо ва ҳамлаҳои ҳадафнок пас аз қатъ шудани музокироти Доҳа афзоиш ёфтаанд.

Февраль 18, 2021 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид