Барои пойгаи ғайриқонунӣ ронандагони автобус ҷарима ва аз кор озод шуданд

Февраль 5, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби милитсияи пойтахт муроҷиат ва навори ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ирсол намудаи як нафар сокини пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифта, муайян карда шуд, ки ду ронандаи воситаи нақлиёти ҷамъиятии автобус, ки дар дохилашон мусофирони зиёде ҳузур доранд, байни ҳамдигар пойга намуда, ҳолати садамавӣ ба миён овардаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ронандагони мазкур шаҳрвандон Бердиев Саидмумин Баҳриддинович-ронандаи автобуси тамғаи АКИА, рақами қайди давлатиаш 0023ТТ05 ва
Закиров Абдусалом Турсунқулович — ронандаи автобуси тамғаи АКИА, рақами қайди давлатиаш 8231 ТТ 05 мебошанд.

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба ҳарду ронанда бо моддаи 326 иловаи 1 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Тибқи муқаррароти ин модда, барои кирдори содирнамуда ба ҳар ронанда дар алоҳидагӣ ҷарима ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда, баробар ба аз 14 ҳазору 500 сомонӣ то 17 ҳазору 400 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.

Ҳамзамон дар асоси фармоиши роҳбарияти Корхонаҳои воҳиди давлатии «Автобус 1» ва «Автобус 3» ронандагон Саидмумин Бердиев ва Абдусалом Закиров аз вазифаи ронандагӣ озод карда шуданд.

Илова бар ин, барои беназоратӣ, набурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ронандагон оид ба рияои ҳатмии талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ нисбат ба нозирони бехатарии ҳаракати роҳи Корхонаҳои воҳиди давлатии «Автобус 1» ва «Автобус 3» тибқи талаботи моддаи 341 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд аз ҷониби ронандагони дигар такрор накардани ҳолатҳои мазкур амрномаҳои БДА супорида шуданд.

Бо истифода аз фурсат, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба шаҳрванде, ки худро бетараф нагирифта, ҳолати пойгаи ронандагонро наворбардорӣ ва ҷиҳати баррасӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт ирсол намудааст, изҳори сипос намуда, аз дигар шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо мақомоти милитсия дар иртибот бошанд.

Февраль 5, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд