Билл Гейтс ду таҳдидро ба башарият пас аз пандемия номбар кард

Февраль 9, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бунёдгузори Майкрософт, мултимиллиардер ва соҳибэҳсон Билл Гейтс дар мусоҳиба бо шабакаи YouTube Veritasium гуфт, ки пас аз пандемияи коронавирус тағйирёбии иқлим ва биотерроризм ба башарият таҳдид мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад.

«Яке аз онҳо — тағйирёбии иқлим аст», — гуфт Гейтс дар посух ба савол оид ба хатарҳое, ки ҷаҳон ба онҳо омода нест.

Ба фикри ӯ, ҳар сол сатҳи фавт аз ҳисоби ин омил назар ба давраи пандемияе, ки ҳоло идома дорад «ҳатто бештар» хоҳад буд.

Мултимиллиардер чунин меҳисобад, ки таҳдиди дуввум биотерроризм аст. «Касе агар хоста бошад, ки зарар бирасонад, метавонад вирус бисозад ва ин чунин маъно дорад, ки эҳтимоли бо ин дучор шудан дар муқоиса бо  эпидемияҳои табиӣ, ҳамсони оне ки ҳоло идома дорад, зиёдтар аст», — илова кард Гейтс.

Пештар асосгузори Майкрософт дар мусоҳиба бо нашрияи немисии Süddeutsche Zeitung гуфта буд, ки ҷаҳон ба пандемияи навбатӣ, ки метавонад аз пандемияи COVID-19 даҳҳо маротиба бадтар бошад, омода нест. «Ман умедворам, ки пас аз ду сол вазъ дигаргуна ба назар хоҳад расид. Ваксинаҳо, тестҳо, доруҳо, эпидемиология, назорат — бисёр чизҳои дигар ҳастанд, ки онҳоро анҷом додан мумкин аст», — гуфт ӯ.

Ба фикри Гейтс, коронавирус мисли заминҷунбӣ, торнадо ё тағйирёбии иқлим ҷузъи зиндагии рӯзмарра  шудааст ва посух ба ин қабил таҳдидҳо бояд саросарӣ бошад.

                                   АКСИ: © «РИА Новости» / Григорий Сисоев

Февраль 9, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид